Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Сияҳҷоҳ мардон дарун баста пой,
Беҳ аз фитна бурдан зи ҷое ба ҷой.

Дигар ғаммозонанд ва дидори эшон надиданиву гуфтори эшон нашуниданӣ аст. Байт:

Надидам зи ғаммоз саргаштатар,
Нагун толеъу бахти баргаштатар.

Дар осор омада, ки ғаммоз ҳалолзода набошад. Овардаанд, ки дар банни Исроил хушксолӣ падид омад ва осори қаҳтӣ ҳосил шуд. Мӯсо бо ашрофи банни Исроил ба талаби об рафтанд ва чаҳор шабонарӯз дуо карданд, асаре иҷозат падид наомад. Садо омад, ки агар чиҳил рӯзи дигар ҳам дуо кунед, қабул нахоҳад шуд, зеро ки дар қавми ту ғаммозест, ки шумии ӯ намегузорад. Мӯсо тамоми қавми худро аз ғаммозӣ тавба фармуд... То борон омаду қаҳтсолӣ аз миён рафт.

Ҳикоят. Овардаанд, ки подшоҳе якеро тарбият мекард. Гуфт: Агар мехоҳӣ, ки рӯз ба рӯзгори ту боло гираду соат ба соат мартабаи ту бияфзояд ва назди ман аз ҳама мулозимон ба қурбтар бошӣ, бояд ки се кор накунӣ: Аввал, дурӯғ нагӯй, ки дурӯғгӯ дар чашми мардум хору беқадр бошад. Дуввум, маро дар пеши ман ситоиш макун, ки ман худро беҳ аз ту медонам. Севвум, аз ғаммозӣ барҳазар бош ва бадии ӯ дар пеши ман магӯй. Чун ман бадии эшон бишнавам, бо эшон бад шавам ва хабари бадии ман бо сипоҳу раият чун зоҳир гардад, тарсон шаванд, илтиҷо ба дигаре кунанд ва подшоҳи дигаре талабанд ва халал аз ин ҷиҳат ба мулки ман роҳ ёбад. Назм:

Барояд зи ғаммоз олам ба ҳам,
Ҳалал роҳ ёбад ба хайлу ҳашам.
Зи ғаммоз гардад ҷаҳон сарнагун,
Ки нопок ҷон асту тира дарун.
Чу ғаммозро дидӣ андар замон,
Ба теғи сиёсат бибуррадаш забон.

Овардаанд, ки Нӯширавон рӯзе маҷлисе орост, яке аз мулозимони Нӯширавон шахсеро пеши вай ғамвозӣ кард. Нӯшервон гуфт: «Ин суханро таҳқиқ мекунам. Агар рост аст туро ба сабаби ғамвозӣ душман хоҳам гирифт. Ва агар дурӯғ аст, туро ба ҷиҳати он дур хоҳам кард ва агар тавба мекунӣ аз ту хоҳам даргузашт».

Гуфт: «Товба кардам». Нӯшервон гуфт: «Ман авф кардам». Назм:
Ҳар ки ғамвозӣ кунад наздики шоҳ,
Ҳам ба назди шоҳ гардад рӯсиёҳ,
Оламе дар оташу дуд андар ӯ,
Не худо, не халқ хушнуданд аз ӯ.

пешина
аз 242
навбатӣ