Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Даргузар аз кӯраи оҳангарон,
К-оташу дуде расад аз ҳар карон.
Рав бари аттор, ки паҳлӯи ӯ,
Ҷома муаттар шавад аз бӯи ӯ.
В-аз ҷумлаи аҳли илму ҳикмат, ки подшоҳро ногузир аст яке фақеҳе бувад олим ва омили мутадайини аҳкоми шаръро нек забт карда бошад ва масоили асливу фаръиро тамом дониста, то ба вақти фурсат дар маҷолиси ҳумоюн аз ҳалолу ҳаром сухан дарандозад...
Шеър:
Гар наояд нуктаҳо аз фиқҳу фатво дар миён,
Мунҳадим гардад асоси шаръу миллат дар ҷаҳон.
Дигар носеҳи амин ва хуршеди соҳибяқин, ки умури хирад ба ёди вай диҳад...
Ҳорунаррашид Шафиқи Балхиро гуфт: «Маро панде деҳ». Шайх гуфт: «Эй халифа, худойро сароест, ки онро дӯзах хонанд ва туро дарбони он саро карда ва се чиз ба ту арзонӣ дошта, то ба он халкро аз дӯзах боздорӣ: молу шамшеру тозиёна. Пас, бояд ки ба мол мӯҳтоҷонро аз фоқа халос кунӣ, то ба василаи зарурат мутаваҷҷеҳи маҳрумот нашаванд. Золимонро ба шамшер қатл кунӣ, то мардумон аз шарри эшон эмин шаванд. Ба тозиёна фосиқонро адаб намоӣ, то аз фисқу фуҷур бозоянд. Агар чунин кардӣ, ту ҳам наҷот ёфтӣ ва ҳам халкро наҷот додӣ. Агар хилофи ин кардӣ, пеш аз ҳама ба дӯзах меравӣ ва дигарон дар паи ту». Ҳорун бигирист ва дасти Шафиқро бибӯсид: Қитъа:
Насиҳат кон зи рӯи сидқ гӯянд,
Ба гӯши ҳар ки ояд дарпазирад.
Чу ҷон дорад ҳадиси соҳиби дил,
Равон андар дилу ҷон ҷой гирад.
Дигар табиби ҳозиқ илоҷро дониста ва ағрози ҳукаморо захираи хотир дошта дар шифои мариз ва аз олаи аъроз ҳовӣ, (холӣ) куллиёти фан бошад ва дар изофаи анфоси Исоӣ маризеро табобат намояд. Байт:
Тоза гардад ҷони бемор аз дамаш,
Рӯҳро роҳат расад аз мақдамаш.
...Дигар шоири ширинзабону зебобаён, ки дар фасоҳат гӯй аз майдони сухангузарон рабуда бошад ва дар балоғат асби аблақ аз суханварони замон бурда. Фард:
Рӯзи бозори фасоҳатро ривоҷ аз назми ӯ,
Саҳми гулзори балоғатро зи шеъраш рангу бӯ.
Қитъа:
Шоиронро азиз бояд дошт,
Ки аз эшон бақо пазирад ном.
Шеъри Салмон нигар, ки тоза аз ӯст,
Номи султон Увайс дар айём.
Дигар, надими тозарӯи базлагӯй, ки ба нуктаҳои латифу рангин маҳфилро биёрояд ва ба латифаҳои ширин абвоби (дари) инбисот (хушсӯҳбатӣ) ба рӯи ҳозирони маҷлис бикшояд. Байт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор