Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Сирри худро ҳам ту маҳрам шав, ки маҳрам ёфт нест,
Ҳамдами худ бош, зеро ҳамдаме дарёфт нест.
Дӯсти якрӯю якдил ҷустам аз пири хирад,
Гуфт, бигзар, кон чи мехоҳӣ ба олам ёр нест.

ДАР ИҒТИНОМИ ФУРСАТ ВА ТАЛАБИ НЕКНОМИ

...Умри азиз чун барқ даргузар аст ва авқоти зиндагӣ чун мавҷи баҳор нопойдор. Ҳар соате, ки мегузарад ҷавҳари бебадал аст. Қимати он бибояд шинохт.
Фурсате, ки мурод мекунад ғанимати беиваз аст. Онро зоеъ натавон сохт. Фард:

Даме, ки мегузарад, з-он нишон маҷӯй дигар,
Чаро ки элчии умр бенишон гузарад.

Аз зиндагонӣ он чӣ рафт, бозовардани он аз ғайри имкон аст ва он чӣ монда он низ дар пардаи ғайб махфӣ ва мастур. Миёни мозӣ (гузашта) ва мустақбал (оянда) вақтест, ки онро ҳол гӯянд. Умри хеш он вақтро мебояд донист, ки худро дар он ҳол мебояд кард.

Қитъа:

Фурсат ғанимат аст, ғанимат шумор вақт,
З-он пеш, кӯ бурун равад аз даст ногаҳон.
Дил бар замона кай ниҳад, он кас ки оқил аст,
Доно ба умри худ накунад, такя бар ҷаҳон.

ПАС, дар чунин рӯзгори гузаранда ва авқоти нопоянда соҳибдавлат касест, ки ба изҳори осори макарат (бахшиш) ва иҷрои изҳори маҳрамат номи неку зикри ҷамил ёдгор гузорад, ки ҳаёти собита иборат аст аз некномӣ. Қитъа:

Эй толиби хулуду бақои давоми умр,
Боқӣ ба зикри хайр бувад номи одамӣ.
Ҳеҷ аст қадру ҳашмату молу манолу ҷоҳ,
Чун оқибат фаност саранҷоми одамӣ.
Ҳарчанд фикр мекунам аз ҳарчӣ дар ҷаҳон,
Номи накӯст ҳосили айёми одамӣ.

Овардаанд, ки бузургере дар маҷлиси подшоҳӣ таърифи бисёр карданд. Аз фасоҳату балоғат ва фазоили маонии ӯ басе шарҳ доданд ба мартабае, ки шавқи подшоҳ ба лиқои ӯ аз сарҳади баён таҷовуз карда бо ҳуззори (овардани) ӯ фармони олӣ арзонӣ фармуд. Он азиз, ки ба маҷлиси олӣ даромад, баъд аз адои салом гуфт, ки подшоҳро ҳазор сол бақо бод! Подшоҳ гуфт: «Аввал боре сухани муҳол гуфтӣ ва ин аз фазли ту аҷиб бувад ва аз мисли ту ғариб намуд». Ҷавоб дод, ки ҳаёти мардум на ҳамин дар бақои бадан аст, ҳама кас донад, ки ниҳояти бақои одамӣ ба ҳазор сол нарасад. Аммо чун номи накӯ баъд аз вафот ҳаёте дигар аст, ғарази ман он бувад, ки рақами некномии он ҳазрат ҳазор сол бар саҳифаи рӯзгор боқӣ монад. Қитъа:

пешина
аз 242
навбатӣ