Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ба шуҷоат тавоя гирифт ҷаҳон,
Ҳар ки баддил бувад, чӣ кор кунад?
В-он ки ҷуръат намояд андар кор,
Хештанро бузургвор кунад.
Холиди Валид, ки дар лашкари ислом ба ҷуръати тамоми маъруф ва мавсуф буд, дар вақти риҳлат аз ин олам ашки ҳасрат аз дида меборид ва мегуфт: «Во ҳасрато! Ки дар чандин саф масорифи шуҷоат намудам ва чандин алами зарбу таънаро таҳаммул кардам ва ҳоло бар рӯи фарш мемирам, чунонки пиразанон мемиранд. Ва чун аз аҷал чора нест, боре боистӣ, ки ҷон дар баҳри некномӣ бидодаме ва саодати шаҳодат дарёёфтаме». Ва ҳам сухани ӯст, ки он ки бар ҳимояти ҷон дар гурез мебинад хаёли каҷ ва тасаввури ботил аст, зеро ки қуввати ҷамъият ва шавкати ҷалолати мард дандони тамаъи душманонро бармеканад ва заъфу тарс ва сустию баддилӣ хасмро бар кас далер мегардонад ва аз ин аст, ки бештар баддилону тарсандагон алафи шамшер мешаванд ва далерону муборизон аз вартаи талаф берун меоянд. Назм:
Ҳар ки баддилтар бувад дар корзор,
Бошадаш ҷон беқарору комгор
Ҷуръате кун пеши мардон дар набард,
То барояд номат аз мардони мард
Яке аз салотин дар масофе наъра мезад ва умарои силоҳи худро мегуфт, имрӯз рӯзи имтиҳон аст ва маъракаи ҳарб кӯраи мардон аст ва аз кӯра ҷуз зари холис ба саломат бурун наояд. Ва он ки мағшуш бошад, дар даруни кӯра солим намонад. Фард:
Хуш бувад, гар маҳаки таҷриба ояд ба миён,
То сиёҳрӯй шавад ҳар ки дар ӯ ғаш бошад.
Марди шуҷоъ он аст, ки нафсро дар иртикоби умури аъзам (бузург) ҳарис гардонад ва дилро бар таҳаммул нигоҳ дорад:
Маро ном бояд, ки гардад баланд,
Ки аз ном гардад касе арҷманд.
Ба мардӣ шавад фикри озода фош,
Чу номи накӯ ҳаст, гӯ ҷон мабош.
Афросиёб лашкари худро бифармуд, ки бар марг ҳарис бошед, то зиндагонӣ бештар ёбед. Мардон, омодаи шадид бошед, то сармояи давлату азамат ба даст оред. Бузургӣ ду чиз аст ё ба номи нек мурдан ё дӯстком зистан.
Марг дар чашми ҳар ки хор бувад,
Дар шуҷоат бузургвор бувад.
Ҳар ки ҷонро азиз медорад,
Бо ҷаҳондориаш чӣ кор бувад...
Ҳақиқат он аст, ки то касе аз сари ҷон барнахезад ва дар рӯзи масоф коре ки аз ӯ боз тавон гуфт, аз ӯ таваққуъ натавон кард. Фард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор