Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дуюм, саховати Ҳотам насиби фитрии ӯст, зеро агар табиатан чунин сиришти нек дар замираш набудӣ худро гаравгони дархости аввал (ҳикояи дархости шутурон) намегузоштӣ.
Сеюм, дар назари марди саховатпешае чун Ҳотам азизтарину шарифтарин молу мулк пасттар аз арзишу қимати инсон қарор мегирад, вагарна он асби ба ҷон баробари худро қурбонии (дар ҳикояи дуюм) меҳмони нохонда намекардӣ!
Чаҳорум, саховати Ҳотам берун аз ғаразу макру риёст он чунон саховатест мисли офтоб ҳамагонӣ нурпошон мисли боронест ҳамагонӣ резон, мисли бодест ҳамагонӣ вазон, мисли обест ҳамагонӣ равон, мисли кӯҳест побарҷову ноҷунбон, мисли рухест ҳамеша ҷовидон, мисли ашкест ба мижгони ятимон сӯзон, мисли ишқест насиби ошиқон, мисли нурест равону тобон ва мисли адлест насиби ҷавонмардон, ки берун аз ин маром қадам нагузоштӣ!
Охир саховати Ҳотам адли бебозгашт, адли орӣ аз ғаразу иддао, адли орӣ аз макру фиреб, адли орӣ аз тахту ҷоҳ, адли орӣ аз мақсадҳои паси парда, адли орӣ аз андешаҳои нолоиқ, адли орӣ аз нарзҳову ниёзҳост. Он адлест ба хотири бузургдошти ҳамхелон, адлест ба нияти посдории арзиши ниёгон, адлест андар сипоси гавҳари тобон, адлест барои нигоҳдошти паймон, адлест раҳоварди номи неки ҷовидон, ки яксопу ҳамагон аъну баъну равону вазон аст!
Муҳимтарин хусусияти «Ахлоқи Муҳсинӣ» дар он аст, ки муаллиф чун воизу ровии забардаст яке аз бобҳои ин асари гаронбаҳоро ба илми фаросат бахшидааст. Воқеан он чизе, ки дар замони мо зарурати аввалиндараҷаи мардум аст илми фаросат мебошад. Ҳарчанд, ки илму техника дар рӯзгори мо ба тариқи гӯшношунид камолоти ҳамаҷонибаи худро дарёфтааст, вале ҷои таассуф аст, ки илми фаросат бо ҳама паҳнову амиқиҳои гузаштаи хеш, ки миёни мардум доман паҳн карда буд, чун зоҳидони чилланишин рӯ ба гӯшаи торикиву узлат ниҳода. Аз ин нигоҳ мутолиаи боби фаросати китоби зикршуда моро бори дигар ба рангинхаслӣ ва равоншиноси забардаст будани муаллиф эътиқодманд мегардонад. Ҳусайн Воиз дар фароҳам овардани ин қисмати асари худ ба «Заҳираи Хоразмшоҳӣ» — китоби номии тиббӣ, ки он мухтасари намуҷаи форсии китоби Ибни Сино будааст, такя мекунад. Мароқангезӣ ва халлоқияти боби мазкур дар он аст, ки чеҳраи инсон авроқи бозгардидаи китоби хонои замиру ботинаш аст. Дар чунин маврид тавассути илми фаросат кас метавонад ба ин ё он ҷиҳати мушаххасоти мусоҳибаш нигариста, аз розу ниёзи олами ботину ҳаракати ниҳонхонаи ӯ воқиф гардад. Ба ин ваҷҳ Ҳусайн Воиз мегӯяд: «Ва он шарти куллӣ бошад дар ҳукумат ва бар аҳли ихтиёр воҷиб аст ва ба айни басират дар савобиқу лавоҳаки ҳар ҳодиса, ки воқеъ шавад, назар кунанд. Агар он воқеа бағоят равшану ҳувайдо бошад, бар он чӣ муқтазои шаръу адл аст, бад-он ҳукм фармоянд. Ва агар сирри он нек зоҳир нест, ба нури фаросат дарки он бояд кард. Ва эътимод бар қавли ноқилон набояд намуд. Бузургон гуфтаанд: «зеби ҳукумат ба зевари фаросат аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор