Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ҷамшед аз вазири худ савол фармуд, ки салотинро инсоф ба кадом сифат аз ҷумлаи заруриёт аст. Гуфт, ки ба рафқу нармхӯй ва мулоимат, зеро ки раият бад-ин сифат дуои подшоҳ гӯянд ва лашкариён барин сифат ризои подшоҳ ҷӯянд ва салтанат ба дуогӯии раият ва ризоҷӯии сипоҳ интизом меёбад. Ва дигар ба рифқи гӯшмоли муҷрим бар ваҷҳе метавон дод, ки ба унф (дағалӣ) мисли он муяссар нашавад ва чунон ки овардаанд, яке аз мулуке, ки ба самти рафк ва талаттуф мавсум (нишон шуда) буд, матбахини худро гуфт, ки аз барои вай фалон навъ аз таом бипазад ва дар он такаллуфе (аломати) бисёр ба ҷо меоварад, матбахӣ он таом тартиб дода, ба анвои дигар аз аътима ба назар даровард. Султон бар он ки худ фармуда буд, назар андохт, магасе дид дар вай, бардошт ва биафканд, он гаҳ луқма баргирифт магасе дигар дар вай буд, дур кард ва дар луқмаи дигар ҳам магасе дид. Даст аз он таом бозкашид ва аз таоми дигар тановул кард. Чун хон бардоштанд, матбахиро талабид ва гуфт: «Ин хӯрдани, ки сохта будӣ бағоят лазиз буд. Фардо ҳам аз ин бисоз, аммо ба шарте ки магас дар вай бисёр набошад». Ҳозирон аз ин маъни тааҷҷуб намуданд, ки матбахиро шармсорӣ дод ва таъзибе (озор) ба он набуд.
Байт:
Чун дар муқобилан ҷавру лутф бинад кас,
Шавад хиҷилзада, ин хиҷолат ӯро бас.
ДАР ШАВҚАТ ВА МАРҲАМАТ
Шавкат бар оммаи раоё ва марҳамату рафқ бар ҳама халқ бар мулуки азимушшаън ва салотини рафиалмакон лозим аст, чӣ зердастон амонияти ҳазрати офаридгоранд, ки бо аҳли ихтиёр ва иқтидор супурда, ё ба риояти эшон ҳоли аҷуза (оҷизон) ва дарвешон ба фароғат дар амоният бувад ва дилҳои шикаста бо эҳтимоми раиятпарварӣ ва марҳаматгустарӣ аз ҳуҷуми балои ҷабборон (забардастон) ва ситамгарон фориғу мутмаин гардад ва пас подшоҳ бояд, ки ба умеди раҳмати илоҳӣ бар оҷизон бибахшояд ва рухсораи салтанатро ба ҳоли зебоӣ биёрояд.
Овардаанд, ки Сабуктеғин — падари Султон Маҳмуд дар аввали ҳол, ки мулозими Симҷур буд, як сар асп беш надошт ва авқоти ӯ бағоят ба ишрат мегузашт. Ҳар рӯз ба азми шикор ба саҳро рафтӣ. Агар сайде ба даст омадӣ, бад-он гузаронидӣ. Рӯзе оҳуе дид, бо бачаи худ дар саҳро мечарид, Сабуктеғин асп барангехт. Оҳу бигрехт, чун бачаи ӯ хурд буд, бо модар натавонист гурехтан. Ӯро бигирифт ва дасту пояш барбаст ва дар пеши зин ниҳода роҳи шаҳр баргирифт. Оҳу, ки бачаи худро гирифтор дид, бозгашт ва дар пай медавид ва фарёд мекарду менолид. Сабуктеғинро бар вай раҳм омад ва дасту пои оҳубачаро бикушод ва сар ба саҳро дод. Модар омаду бачаро дар пеш гирифт ва рӯй ба осмон карда, ба забони безабонӣ муноҷоте кард: «Эй он ки забони безабонӣ донӣ». Сабуктеғин дасти холӣ ба шаҳр бозомад ва шабона хоб дид, ки бо вай мегӯянд: «Эй Сабуктеғин, ба воситаи он шавкату марҳамате, ки дар ту ба вуҷуд омад ва ба ҷиҳати он караму меҳрубонӣ, ки дар ҳаққи он бечора ва забонбаста кардӣ, ба ҳазрати ҳақ такарруби тамом ёфтӣ ва мо аз ту хушнуд шудем. Ту подшоҳӣ меёбӣ, бояд ки ба бандагон ба ҳамин навъ шавкат ба ҷой оварӣ ва дар бораи раияти худ тариқи марҳамат фурӯ нагузорӣ». Бузурге фармуда, ки ба воситаи шавкат бар ҳайвоне подшоҳии ин ҷаҳон биёбанд, агар ба ҷиҳати марҳамат бар инсонӣ салтанати мулки боқӣ пойбанди ҳеҷ аҷабу ғариб набошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор