Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз дур сиёҳие ба назараш даромад. Маркаб ба он тараф ронд. Хаймаи куҳна дид дар миёни бодия зада ва пиразане бо духтари худ дар сояи он нишаста, чун Қубод бирасад, он зан аз хайма берун давид ва инонаш гирифта, фуруд овард ва чизе ки дошт ҳозир кард. Қубод таоме хӯрд ва обе биёшомид, хоб бар ӯ ғалаба кард. Лаҳзае биёромид чун аз хоб даромад бегоҳ шуда буд, шаб ҳамон ҷо иқомат намуд. Баъди намози шом гове аз саҳро биёмад ва духтарақи он зол он говро бидӯшид, шири бисёр ҳосил шуд, чунон ки Қубодро аҷаб омад ва бо худ гуфт: «Ин ҷамоат ба ҷиҳати он ба саҳро нишастаанд, то кас ба сарояшон иттилоъ наёбад. Ҳар рӯз чандин шир аз гове мегиранд. Агар дар ҳафта як рӯз ба султон диҳанд, моли эшонро халале намекоҳад ва хазонаро тавфире (манфиат) мешавад». Ният кард, ки чун ба дорулмулк бирасад, он мавозеъро бар раият ниҳад чун сабоҳ шуд духтарак говро гирифту бидӯшид андаке шир фуруд омад. Фарёд баровард. Пеши модар давид, ки эй модар рӯй ба дуо ор, ки подшоҳи мо нияти зулм кардааст. Қубод тааҷҷуб намуд ва гуфт: «Аз чӣ донистӣ». Гуфт: «Ҳар бомдод гови мо бисёр шир бидод, имрӯз андак. Ҳар гоҳ ки подшоҳ нияти бад кунад, ҳақ баракат бардорад». Қубод гуфт: «Рост, гуфтӣ» ва он ният аз дил берун кард.— «Акнун бирав ва бар сари кор шав». Пас, духтар бархост ва дигар бор говро дӯшид. Шири бисёр ҳосил шуд. Бори дигар пеши модар давид ва муждаи нияти подшоҳ ба вай расонид ва аз ин ҷо гуфтаанд, ки малики одил беҳтар аст аз абри боранда ва офтоби тобанда. Ҳаким Фирдавсӣ фармояд:

Ҳар он нам, к-аз абри баҳорон бувад,
Дар андешаи шаҳриёрон бувад.
Чу бад гардад андешаи подшоҳ,
Наёбад замин нам ба вақт аз ҳаво.
Чу одил бувад шаҳ зи сахтӣ маҷол,
Ки адлаш беҳ аст аз фарохии сол.

Дар ҳамин маъни нақл кардаанд аз Баҳроми Гӯр, ки вақте дар ҳавои гарм ба дари боғе расид, пире, ки боғбонӣ кардӣ он ҷо ҳозир буд, гуфт: «Эй пир, дар ин боғ анор ҳаст?» Гуфт: «Оре». Баҳром фармуд, ки қадре оби анор биёр. Пир бирафт ва дарҳол қадаҳе пур оби анор карда берун овард ва ба дасти Баҳром дод, биёшомид ва гуфт: «Эй пир, соле аз ин боғ чанд ҳосил мекунӣ?»

пешина
аз 242
навбатӣ