Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ҳар тарҳ, ки афканӣ чу мардон,
Ҷаҳде бикуну тамом гардон.
Яъне аламе, ки барфарозӣ,
Бояд ки дигар нагун насозӣ.
Аломати дуюм он аст, ки сухане, ки ба забони ӯ ҷорӣ шавад ба нақизи он то мумкин бошад, такаллум накунад, чунон ки дар таърих мазкур аст, ки султони румӣ рӯзе дар майдони Ғазнин мегузашт, ҳаммоле дид, санги гароне бар дӯш ниҳода, ба ҷиҳати иморати ӯ мебарад ва дар бурдани он санг ранҷ мекашад. Султон чун машаққати ӯ мушоҳида кард, аз рӯи отифат (лутф) фармуд, ки эй ҳаммол, ин сангро бинеҳ. Ҳаммол он сангро дар миёни майдон биандохт. Муддате он санг дар он майдон буд ва асбон чун он ҷо мерасиданд, чашме мекарданду мерамиданд. Ҷамъе аз хос ба вақти фурсат он ҳол ба арзи султон расониданд, ки фалон рӯз ҳаммол бино бар амри олӣ ва фармони ҳумоюн санге, ки бар пушт дошт дар миёни майдон биандохт ва асбон аз он роҳ ба кулфат мегузаранд ва касе ғайри он ҳаммол он сангро бар наметавонад гирифт. Агар фармоянд, то аз он ҷо бардорад ва роҳ холӣ созад, муносиб менамояд. Султон фармуд, ки ба забони мо гузаштааст, ки бинеҳ. Агар гӯям бардор, мардум онро бар бесуботии мо ҳамл кунанд. Он санг ҳамон ҷо бошад. Нақл аст, ки он санг то охири умри султон дар он майдон афтода буд, баъд аз вафоти ӯ низ ҷиҳати мурооти сухани ӯ ҳеҷ кас аз авлоди ӯ барнадошта.
Сухани шоҳ шоҳи ҳар сухан аст,
Ба ҳама ҳол пос бояд дошт.
То нагардад нақизи он зоҳир,
Бояд онро ба лавҳи дил бингошт.
ДАР АДОЛАТ
Адл суханест мулкорой ва ламъаест нурафзой... Адл он аст, ки доди мазлумон диҳанд ва эҳсон он ки марҳами роҳате бар ҷароҳати маҷрӯҳон ниҳанд. Дар хабар омадааст, ки як соат адли подшоҳ дар паллаи мизони тоат роиҷтар аст аз ибодати шастсола, зеро ки натиҷаи ибодат ҷуз ба омил бирасад ва фоидаи адл ба хосу ом ва хурду бузург ва асли бурдбории мулку миллат баракати он қоиму манзум шавад ва савоби адл аз ҳадду ҳисоб афзун аст ва аз мизони қиёс берун. Овардаанд, ки яке аз салотинро доияи (хоҳиш) он шуд, ки ҳаҷи хонаи Худо бигузорад ва ба қадами ҳурмати тавофи ҳарим иззат ба ҷой орад ба манзили сафо ва иҷобати дуо аз эшон сарфароз гардад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор