Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: «Эй ёрон! Аз он девон наям,
Ки зи лоҳавле заъиф ояд паям.
Эй ҳарифон! Ман аз онҳо нестам,
К-аз хаёлоте дар ин раҳ бистам.
Аз гумону аз яқин болотарам,
В-аз маломат барнамегардад сарам».
Он ғариби шаҳри сарболо талаб,
Гуфт: «Мехусбам дар ин масҷид ба шаб.
Масҷидо! Гар Карбалои ман шавӣ,
Каъбаи ҳоҷатравои ман шавӣ.
Ҳин, маро бигзор, эй бигзида дор,
То расанбозӣ кунам мансурвор».

Ва ҳамон шаб дар масҷид бимонд. Нимаҳои шаб садои ҳавлноке шунид, ки мегуфт:
– Ҳам акнун барои гирифтани ҷонат меоям ва ин садо панҷ бор такрор шуд. Мард аз шунидани овоз натарсид ва андешид, ки ман худамро ба Худо супоридаам, барои марг ҳам омодаам. Ҳеҷ чиз наметавонад маро битарсонад.

Барҷаҳиду бонг барзад, к-эй киё,
Ҳозирам, инак, агар мардӣ, биё!

Ҳамин ки фарёди ӯ баланд шуд, ногаҳон тилисм шикаст ва девори масҷид ҳам шикасту он қадар зар аз шикоф берун рехт, ки роҳ банд омад.
Ин масал барои он аст, ки набояд аз марг тарсид ва мардона ба пешвози он рафт. Ғуломи Садриҷаҳон ҳам бо ишқе, ки ба дидори шоҳ дошт, тарсу бимро фаромӯш кард ва дил ба дарё зад. Садриҷаҳон ҳам гоҳ-гоҳ аз вафодории ғулом ёд мекард, аз гурезаш ғамгин буд.

Мавҷ мезад дар дилаш афви гунаҳ,
Ки зи ҳар дил то дил омад равзана(ҳ).
Ки зи дил то дил яқин равзан бувад,
На ҷудову дур чун ду тан бувад.
Муттасил набвад сафоли ду чароғ,
Нурашон мамзуҷ бошад дар масоғ.
Ҳеч ошиқ худ набошад васлҷӯ,
Ки на маъшуқаш бувад ҷӯёи ӯ,
Лек ишқи ошиқон тан зеҳ кунад,
Ишқи маъшуқон хушу фарбеҳ кунад.
Чун дар ин дил барқи меҳри дӯст ҷаст,
Андар он дил, дӯстӣ медон, ки ҳаст.
Ҳикмати Ҳақ дар қазову дар қадар
Кард моро ошиқони ҳамдигар.
Ҷумла аҷзои ҷаҳон з-он ҳукми пеш
Ҷуфт-ҷуфту ошиқони ҷуфти хеш.
Ҳаст ҳар ҷузве зи олам ҷуфтхоҳ,
Рост ҳамчун каҳрабову барги коҳ.

Бо муҳаббате, ки дар дили шоҳу ғулом буд, чун дубора баргашт, муҳаббати ӯ дар дили шоҳ бештар шуд. Ғулом ҳам омада буд, ки агар бояд кушта шавад, дар ҳузури дӯст бошад.

Ҳар кӣ андар кори ту шуд, маргдӯст,
Бар дили ту бе кароҳат дӯст ӯст.

Ғулом, ки чашмаш ба Садриҷаҳон афтод, беҳуш шуд ва чун чӯби хушк нақши замин гардид. Ҳар қадар ӯро гулоб заданду ҳаво доданд, аз ҷо наҷунбид. Подшоҳ

пешина
аз 176
навбатӣ