Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
– Ин дарвеш марди Худост, дузд нест!
Ин фалон шайх аст аз абдоли Худо,
Дасти ӯро ту чаро кардӣ ҷудо?!
Ҷаллод аз тарс ба гиря афтод ва гуфт:
– Ман ӯро нашинохтам.
Пас, худро рӯйи пойҳои дарвеш андохт ва дархост намуд, ки ӯро бибахшад. Дарвеш гуфт:
– Осудахотир бош, зеро ту гуноҳе надорӣ. Ман ба назри худ вафо накардам ва сазоям ҳамин аст!
Гуфт: «Медонам сабаб ин нешро,
Мешиносам ман гуноҳи хешро.
Ман шикастам ҳурмати имони ӯ,
Пас яминам бурд додистони ӯ.
Ман шикастам аҳду донистам бад аст,
То расид он шумии ҷуръат ба даст.
Дасти мову пойи мову мағзу пӯст
Бод, эй волӣ! Фидои ҳукми дӯст».
Гуноҳ аз ман аст, аҳде, ки бо Худованд карда будам, шикастам ва ҳол ин ки яқин доштам, ки Парвардигор маро ёварӣ мекунад ва ман ба гуруснагӣ тоб меоварам. Инак, дар озмоиш рӯсиёҳ шудам!
Боязиди Бастомӣ ҳам дарёфт, ки дар парастиш кӯтоҳ омадааст, савганд хӯрд, ки як сол об нахӯрад, то танбалиро аз худ дур кунад!
Гуфт: «То соле нахоҳам хӯрд об,
Ончунон карду Худояш дод тоб».
Ба ҳамин ҷиҳат Боязид аз бузургтарин орифони замони худ шуд ва овозаи ворастагии ӯ ҳама ҷо печид. Вале ман тоб наёвардам ва дучори ин бало шудам.
Аммо Худованд медонист, ки дарвеш имони дурусте дорад. Бо ин ки дасташ бурида шуда буд ва мардум ӯро дарвеши якдаст меномиданд, бахшишу меҳрубонии худро аз ӯ дареғ нафармуд.
Рӯзе яке аз муридони ӯро гузораш ба он кӯҳсор афтод. Вориди хонаи вай шуд. Дид бо ду даст сабад мебофад. Дар шигифт шуд, вале дарвеш ӯро сарзаниш кард, ки чаро бехабар омадааст. Мурид гуфт:
– Аз шавқе, ки ба шумо доштам, фаромӯш кардам, ки дарро тақ-тақ бизанам ва узр хост. Дарвеш хандид ва ӯро бахшид. Хоҳиш кард он чи дидааст, ба касе нагӯяд. Магар то вақте ки дарвеш аз ин ҷаҳон рафта бошад. Мурид пазируфт, аммо мардум кам-кам аз ин роз огоҳ шуданд. Ҳар рӯз меомаданд ва аз равзани хона ӯро мепоиданд, ки чӣ гуна бо ду даст сабад мебофад.
Дарвеш, ки аз фош шудани асрораш огоҳ шуд, даст ба дуо бардошту гуфт:
– Эй Худованд, ман ин розро пинҳон кардам. Ту худ хостӣ ошкор шавад.
Гуфт: «Ҳикматро ту донӣ, Кирдгор,
Ман кунам пинҳон, ту кардӣ ошкор».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор