Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Марди танбал гуфт:
– Эй Паёмбари Худо! Ту ҳам ҳамон ҳарфи даъвогарро мегӯйӣ. Ҳама медонанд, ки ман ҳафт сол аз Худованд рӯзии ҳалоли беранҷ мехостам. Ногаҳон гове дари хонаи маро шикасту ба дарун омад. Оё касе ҷуз Худованд онро фиристода буд?

Ин бигуфту гирявар шуд ҳой-ҳой,
То дили Довуд берун шуд зи ҷой.

Дили Довуд (а) ба ҳоли зори мард сӯхт ва ба соҳиби гов гуфт:
– Як рӯз муҳлат бидеҳ, то ман барои ин кор фикре бикунам. Он гоҳ ба хилват шитофт, то бо Худо розу ниёз кунад ва дурустию нодурустии саргузашти мардро биёбад.

Ҳақ намудаш, он чи бинмудаш тамом,
Гашт воқиф бар сазои интиқом.

Довуд (а) ҳақиқати қазияро дарёфт ва донист, ки ин ҳодиса ногаҳонӣ нест, давоми гузашта аст. Рӯзи дигар ҳардуро хост ва ба соҳиби гов гуфт:
– Ту бояд кушандаи говро бибахшӣ, то Худованд, пӯшонандаи роз, туро расво накунад.
Соҳиби гов фарёд зад:
– Ин чӣ қазоватест? Ту пайғамбарӣ, бояд бо адлу инсоф кор кунӣ!
Довуд (а) донист, ки он шахс маънои дастури ӯро нафаҳмидааст, ҳол он ки паёмбар нахост ӯро расво кунад. Аммо чун нофармонию нодонии ӯро дид, ҳукм кард, ки ҳоло ки ба он мард гузашт намекунад, бояд ҳар чӣ дорад, ба кушандаи гов бидиҳад. Мард аз шунидани ин ҳукм барошуфт ва бадзабонӣ кард.
Довуд (а) гуфт:
– Ҳоло ки худат дар расвоии худ мекӯшӣ, бояд бидонӣ, ки зану фарзандони ту ҳам аз ин пас канизу ғуломи кушандаи гов хоҳанд буд.

Рав, ки фарзандони ту бо ҷуфти ту
Бандагони ӯ шуданд, афзун магӯ!

Мардум, ки ҳозир буданд ва ин ҳукмро шуниданд, нигарон шуданду ба Довуд (а) эътироз карданд, ки ин чӣ фармоне аст? Бечораро говаш куштаанд, ҳоло ба ҷойи товон амволи худро бояд бидиҳад ва зану фарзандаш ҳам канизу ғуломи ӯ шаванд?
Довуд (а), ки нороҳатии мардумро дид, гуфт, ки ин фармон далеле дорад ва барои донистани он фардо ҳама дар таги фалон дарахт ҳозир шаванд, то аз асли ҳодиса огоҳ гарданд.

Ҷумла бархезед, то берун равем,
То бар он сирри ниҳон воқиф шавем.
Дар фалон саҳро дарахте ҳаст зафт,
Шохаҳояш анбуҳу бисёру чафт.
Сахт росих хаймагоҳу мехи ӯ,
Бӯйи хун меоядам аз бехи ӯ.
Хун шудаст андар буни он хушдарахт,
Хоҷаро куштаст ин манҳусбахт.
То кунун ҳилми Худо пӯшид он,
Охир аз ношукрии он қалтабон.

пешина
аз 176
навбатӣ