Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ин гуфтаҳои донишманди тоҷик илова кардан зарур аст, ки асари пажӯҳишгари амрикоӣ Франклин Луис «Мавлавӣ, дирӯз, имрӯз ва Шарқу Ғарб» ном дошта, дар тарҷумаи Фарҳоди Фараҳманд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (Теҳрон, интишороти «Солис», соли 1375 ҳиҷрии шамсӣ) ба табъ расидааст. Дар ин асар ба таври мушаххас дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ – яке аз шаҳрҳои водии Вахши Тоҷикистон маълумоти пурарзиш дода шудааст, ки аз мадди назари пажӯҳишгари тоҷик Хуршед Зиёев дур мондааст. Франклин Луис дар бораи шарҳи ҳоли Ҷалолиддини Румӣ сухан ронда навиштааст: «Аз он ҷо ки Мавлавӣ ва Мавлоно алқоби (лақабҳои) эҳтиромомези бархе аз шахсиятҳои мазҳабӣ, хосса шибҳи қора* ҳастанд, мадхалҳои доиратулмаорифҳо ва намояндаҳои кутуби форсӣ мавзӯи китоби ҳозирро гоҳ бо номи Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ мешиносанд, ки Балхӣ бар аслу насаби хонавода дар Балх (Афғонистони кунунӣ) далолат дорад, аммо чуноне хоҳем дид, зодгоҳи Румӣ дар Балх нест, балки дар шаҳри кӯчаке аст, ки имрӯза дар Тоҷикистон қарор дорад. Аммо шоири мо дар шеъру адаб худовандгори тамоми шеър аст ва Мавлоно ва Мавлавӣ алқобе (лақабҳое) аст, ки шоирро ба аксари эрониён мешиносонанд».

  • Шибҳи қора – нимҷазираи Ҳиндро дар назар дорад.
    Гуфтан лозим аст, ки аксари донишмандони маъруфи эронӣ низ ақидаи доктор Бадеъуззамон Фурӯзонфарро дар мавриди зодгоҳи аслии Ҷалолиддини Румӣ будани Вахшонзамини Тоҷикистон эътироф карда, ҷонибдорӣ намудаанд. Аз ҷумла донишманди маъруфи эронӣ Козими Баргнесӣ, ки таҳқиқоти навтаринро доир ба аҳвол ва осори Ҷалолиддини Балхӣ анҷом додааст, дар ин бора дар боби «Даврони кӯдакӣ, навҷавонӣ ва таҳсил» чунин ибрози назар намудааст: «Шаҳри Балх, ки хонадони Мавлоно нисбати Балхии худро аз он гирифтаанд, аз шаҳрҳои бузурги Хуросони он рӯзгор буд, ки имрӯза дар кишвари Афғонистон аст.
    Шамс дар «Мақолот» он гоҳ ки аз Иброҳими Адҳам ёд мекунад, ӯро подшоҳи шаҳри Мавлоно мехонад, аммо дарвоқеъ, хонадони Мавлоно на дақиқан дар худи Балх, балки дар шаҳраке бо номи Вахш, дар шимоли Омударё (Ҷайҳун) мезистанд, ки аз назари фарҳангӣ тобеи Балх буд ва бахше аз мамлакати рӯ ба завол овардаи Ғӯрӣ ба шумор мерафт».*
пешина
аз 176
навбатӣ