Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Боз ваҳй* омад, ки дар обаш фикан,
Рӯй дар уммед дору мӯ макан.
Мӯсоро хонаводаи Фиръавн аз об гирифтанд ва зани Фиръавн дар ниҳон ӯро парвариш дод, то бузург ва пайғамбар шуд ва бо дастёрии бародараш Фиръавнро ба парастиши Худои якто хонд, аммо Фиръавн напазируфт ва аз ӯ муъҷиза хост. Мӯсо асои худро ба замин партофт ва аждаҳо шуд ва ҳар чӣ дар сари роҳ буд, даркашид. Мардумон аз пеши рӯйи ӯ мегурехтанд, ҷамъе зердасту тобеи ӯ шуданд.
Фиръавн Мӯсоро сарзаниш кард, ки чаро мардумро фиреб медиҳӣ ва мекушӣ?
Мӯсо гуфт:
– Ман ба фармони Худо бо ту ҳам меҷангам.
Фиръавн гуфт:
– Ман подшоҳи рӯйи заминам ва ҷодугарони худро аз саросари кишвар хостам. Баъди чиҳил рӯзи дигар ин ҷо гирд меоянду бо ту рӯ ба рӯ мешаванд. Мӯсо пазируфт. Асои худро ба даст гирифт ва аз дарбори шоҳ берун рафт.
Ду марди ҷавони соҳир буданд, ки корашон рӯдаст пешрафт надошт. Аз моҳ шир меҷӯшиданд, савор бар хум мешуданду сафар мекарданд, моҳтобро ба шакли карбос дароварда, ба мардум мефурӯхтанд, кисаҳои мардумро холӣ мекарданд.
Қосидони Фиръавн онҳоро пайдо карданд ва ба дарбор даъват намуданд. Гуфтанд, ки ду бародар ҳастанд, ки асои яке аз онҳо аждаҳо мешавад. Фиръавн мехоҳад, ки шумо ӯро шикаст бидиҳед. Он ду ба фикр афтоданд ва сар бар зону ниҳода дар андешаи рози Мӯсо фурӯ рафтанд:
Чун дабиристони сӯфӣ зону аст,
Ҳалли мушкилро ду зону ҷоду аст.
Он гоҳ сари гӯри падари худ рафтанд, ки соҳири доное буд. Он ду ҷавон аз рӯҳи падар кӯмак хоста гуфтанд:
Ту ҷаҳони ростон даррафтаӣ,
Гарчи дар сурат ба хоке хуфтаӣ.
Он агар сеҳр аст моро деҳ хабар
В-ар Худое бошад, эй ҷони падар!
Ҳам хабар деҳ, то ки мо саҷда кунем,
Хештан бар кимиёе барзанем.
Падар гуфт:
– Агарчи ман дар ҳоле ҳастам, ки ҳар розеро наметавонам бозгӯям, аммо шумо пеши он ду мард биравед ва ҳангоме ки дар хоб ҳастанд, он асоро бидуздед. Агар барҳақ бошад, асо ба дасти шумо ҳам аждаҳо мешавад. Агар дурӯғ бошад, ҳамчунон чӯб хоҳад монд, зеро соҳиби асо дар хоб тавоноии сеҳру ҷодуро аз даст медиҳад.
Онҳо ба Миср рафтанду суроғи Мӯсо ва Ҳорунро гирифтанд. Онҳоро зери дарахте хуфта ёфтанд. Пас яке ба асои Мӯсо даст зад, ки онро бигирад. Асо ба ларзиш даромад ва аждаҳо шуд. Ҳарду гурехтанд. Мӯсо бедор шуд ва асоро гирифт. Он ду бозгаштанд ва достонро гуфтанду ба ӯ имон оварданд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор