Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
ДОСТОНИ МӮСО ВА ФИРЪАВН
Фиръавн подшоҳи Миср, ситорашиносону хобгузорон, пешгӯёну соҳирони бисёреро зери фармон дошт.
Аз мунаҷҷим буд дар ҳукмаш ҳазор
В-аз муаббир* низу соҳир бешумор.
Мақдами Мӯсо намудандаш ба хоб,
Ки кунад Фиръавну мулкашро хароб.
Фиръавн хоб дид, ки дар бани Исроил писаре ба вуҷуд меояд, ки чун бузург шавад, подшоҳии ӯро барҳам хоҳад зад. Ҷодугарон ва ситорашиносон гуфтанд:
– Чорае меандешем, ки шабе, ки муқаррар аст, нутфаи он писар баста нашавад ва ҳаргиз кӯдак ба дунё наёяд.
Пас ба Фиръавн гуфтанд:
– Дар шаби пешбинишуда саропардаи подшоҳиро дар майдони шаҳр барпо кунад ва ҳама мардони бани Исроилро даъват кунанд, ки дар майдон барои дидори шоҳ гирд оянд, то он шаб марде аз бани Исроил ба хона наравад ва бо ҳамсари худ ҳамбистар нашавад.
Бани Исроил чун асири Фиръавн буданд, ҳақ надоштанд чеҳраи ӯро бинанд ва ҳар гоҳ шоҳ аз кохи худ берун меомад, бояд ӯро саҷда мекарданд, то нигоҳашон ба шоҳ наафтад, вагарна ба ҷазо гирифтор мешуданд. Ба ин ҷиҳат, он қавм муштоқи дидани рӯйи Фиръавн буданд, чун одамиро аз ҳар чӣ манъ кунад, бештар ҳарис мешавад. Ҳамин ки ҷорчии Фиръавн онҳоро ба майдон даъват кард, мардони бани Исроил худро оростанду ҷомаҳои нав пӯшиданд. Фиръавн худро ба онҳо нишон дод ва ҳадя бахшид, аз онҳо хост, ки то бомдод меҳмони ӯ бошанду шодмонӣ кунанд:
Баъд аз он гуфт: «Аз барои ҷонатон,
Ҷумла дар майдон бихусбед имшабон.
Посухаш доданд, хидмат кунем,
Гар ту хоҳӣ, як маҳ ин ҷо сокинем».
Фиръавн хазинадоре дошт, Имрон ном, ки бо ӯ меҳрубон буд ва намедонист, ки ӯ ҳам аз бани Исроил аст. Ба ӯ гуфт, ки ту ҳам имшаб дар дарбор бимон ва ба хона нарав, бо ман бош.
Имрон гуфт:
– Чунин кунам ва шабро пушти хобгоҳи Фиръавн ба сар бурд. Нимашаб занаш ба ҷустуҷӯйи ӯ аз хона берун омад. Шавҳарашро дид, ки пушти саропарда хобидааст. Ӯро бедор кард.
Гуфт Имрон: «Ин замон чун омадӣ?»
Гуфт: «Аз шавқу қазои эзадӣ».
Даркашидаш дар канор аз меҳр мард,
Барнаёмад бо худ он дам дар набард.
Ҷуфт шуд бо ӯ, амонатро супурд,
Пас бигуфт: «Эй зан! На ин корест хурд.
Оҳане бар санг зад, зод оташе,
Оташе аз шоҳу мулкаш кинкаше.
Ман чу абрам, ту замин, Мӯсо набот*,
Ҳақ шаҳи шатранҷу мо мотем, мот.
Моту бурд аз шоҳ медон, эй арӯс!
Он мадон аз мо, макун бар мо фусӯс.
Он чи ин Фиръавн метарсид аз ӯ,
Ҳаст шуд ин дам, ки гаштам ҷуфти ту».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор