Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Он мард ба диёри Ҳинд рафт ва ҳама шаҳрҳоро гашту аз ҳар кас аз он дарахт пурсид. Ӯро ришханд карданд, ки чӣ гуна мумкин аст чунин дарахте бошад ва мо надонем.
Ҳеч аз мақсуд асар пайдо нашуд,
З-он ғараз ғайри хабар пайдо нашуд.
Риштаи уммеди ӯ бигсаста шуд,
Ҷустаи ӯ оқибат ноҷуста шуд.
Кард азми бозгаштан сӯйи шоҳ,
Ашк мебориду мебуррид роҳ.
Охир аз гардишу ковиш ба ҷое нарасид. Навмеду хаста қасди бозгашт кард ва нигарон буд, ки нокомии худро ба шоҳ бозгӯяд. Дар ин ҳол шунид, ки дар шаҳре, ки буд, пире орифу донишманд зиндагӣ мекунад. Пеши ӯ рафт, то шояд гиреҳе аз кораш бикушояд.
Гуфт: «Шайхо, вақти раҳму риққат аст,
Ноумедам, вақти лутф ин соат аст».
Шайх хандиду гуфт:
– Эй мард, он дарахте, ки ту дар ҷустуҷӯяш ҳастӣ, дарахти дониш ҳасту далел ин ки надидаӣ, барои ин аст, ки ту дунболи зоҳир мегардӣ. Ба сурат нигоҳ карда, аз маънӣ ғофил шудаӣ. Ин дарахт номҳои гуногун дорад. Гоҳе онро дарахт, гоҳе офтоб, гоҳе дарё ва гоҳ абр мехонанд.
Ту чӣ барчафсӣ бар ин номи дарахт?
То бимонӣ талхкому шӯрбахт.
Даргузар аз ному бингар дар сифот,
То сифотат раҳ намояд сӯйи зот.
Ихтилофи халқ аз ном уфтод,
Чун ба маънӣ рафт, ором уфтод.
ДОСТОНИ ЧАҲОР МАРД, КИ ЗАБОНИ ЯКДИГАРРО НАМЕФАҲМИДАНД
Чаҳор нафар, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезаданд ва якдигарро намефаҳмиданд, дар сафар ҳамроҳ шуданд. Дар роҳ марде ба онҳо дираме дод, ки ба он ҳар чӣ мехоҳанд, бихаранд. Форсизабон гуфт: «Ангур бихарем», арабзабон гуфт: «Инаб бихарем». Туркзабон «Узум» хост ва румӣ гуфт: «Ман ҳеҷ кадомро намехоҳам, истофил бихарем».
Дар танозӯъ* он нафар ҷангӣ шуданд,
Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.
Мушт барҳам мезаданд аз аблаҳӣ,
Пур буданд аз ҷаҳлу аз дониш тиҳӣ.
Бо ин ки ҳар чаҳор нафар як чизро мехостанд, аммо номҳои мухталиф ба кор мебурданд ва кашмакаш мекарданд. Агар забондони доное он ҷо мебуд, ба онҳо мегуфт:
– Бо ҳамин як дирам орзуи ҳамаро мебарорам. Агар бо ҳам ҳамзабон буданд, ҳамин як дирам кори чаҳор дирамро мекард. Ба илова, бо ҳам дӯст мемонданд ва корашон ба даъво намекашид.
Соҳиби сирре, азизе, садзабон,
Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.
Пас бигуфтӣ ӯ ки ман з-ин як дирам
Орзуи ҷумлатонро медиҳам.
Чунки биспоред дилро бедағал,
Ин дирамтон мекунад чандин амал.
Як дирамтон мешавад чор, алмурод
Чор душман мешавад як з-иттиҳод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор