Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба дӯсте бархӯрду аз ӯ кӯмак хост. Дӯсташ хонаи вайронеро ба марди ғариб нишон медоду мегуфт, ки агар сақф медошт, метавонистӣ дар он бимонӣ. Агар як ҳуҷраи дигар ҳам медошт, метавонистӣ ҳамсаратро ҳам ҷо бидиҳӣ. Агар дару тиреза медошт, метавонистӣ дар он осуда бихобӣ.
Марди ғариб гуфт:
– Дар канори дӯстон будану сарпаноҳ доштан бисёр хуб аст, лекин, эй дӯсти гиромӣ, дар «агар» наметавон зиндагӣ кард.

Он ғарибе хона меҷуст аз шитоб,
Дӯсте бурдаш сӯйи хонай хароб.
Гуфт ӯ: «Инро агар сақфе будӣ,
Паҳлуи ман мар туро маскан шудӣ.
Ҳам иёли ту биёсудӣ, агар,
Дар миёна доштӣ ҳуҷрай дигар».
Гуфт: «Оре, паҳлуйи ёрон беҳ аст,
Лек эй ҷон, дар агар натвон нишаст».

ДОСТОНИ МАРДИ МОДАРКУШ

Он яке аз хашм модарро бикушт,
Ҳам ба захми ханҷару ҳам захми мушт.
Он дигар гуфташ, ки аз бадгавҳарӣ
Ёд н-овардӣ ту ҳаққи модарӣ.
Ҳай, ту модарро чаро куштӣ? Бигӯ,
Ӯ чӣ кард охир? Бигӯ, эй зиштхӯ!

Марде модарашро кушт. Мардум ӯро сарзаниш карданд, ки касе модар намекушад. Ӯ бар ту ҳақ дошт, туро ба дунё оварда ва парваронда буд. Агар ҳам ҳазор кори бад карда буд, набояд даст ба хуни ӯ олуда мекардӣ.
Гуфт:
– Охир шумо намедонед, модарам расвоӣ бор оварда буд, ӯро куштам, то хок айбашро бипӯшонад.
Гуфтанд:
– Чаро модарро куштӣ, мебоистӣ ҳарифи ӯро, ки гуноҳаш буд, бикушӣ!
Гуфт:
– Агар чунин мекардам, бояд ҳар рӯз якеро мекуштам ва дастам ба хуни халоиқ олуда мешуд. Модарро куштам, то ниёз ба куштани дигарон пеш наёяд.

Гуфт: «Коре кард, к-он ори вай аст,
Куштамаш, к-он хок саттори вай аст».
Гуфт: «Он касро бикуш, эй муҳташам!»
Гуфт: «Пас ҳар рӯз мардеро кушам?
Куштам ӯро, растам аз хунҳои халқ,
Нойи ӯ буррам, беҳ аст аз нойи халқ».

Он «модар» нафси ту аст, барои хотири ӯ ҳар рӯз азизеро мекушӣ. Аз асари вуҷуди он ва фармонбарии ту дунё ба ту танг мешавад, бояд нафсро кушту аз ҳар газанде ва осебе дурӣ ҷуст:

Нафси туст он модари бадхосият,
Ки фасоди ӯст дар ҳар ноҳият.
Ҳин, бикуш ӯро, ки баҳри он данӣ,
Ҳар даме қасди азизе мекунӣ.
Аз вай ин дунёи хуш бар туст танг,
Аз пайи ӯ бо Ҳақу бо халқ ҷанг.

пешина
аз 176
навбатӣ