Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз сӯйи Худованд ба ӯ дастур дода шуд, ки ба гӯристон биравад, пири чангиро биёбаду ӯро бинавозад ва ба ӯ пул бидиҳаду ниёзашро бароварад.
Умар саросема аз хоб ҷасту бо кисаи пур аз пул рӯй ба гӯристон ниҳод. Ҳарчи гашт, касеро наёфт, ҷуз он пир, ки рӯйи гӯре хуфта буд. Барои ин ки бедораш накунад, болои сараш нишасту мунтазир монд. Ногаҳон атсае кард ва пир ошуфта аз хоб ҷаст. Чашмаш ба халифа афтод, тарсид:

Мар Умарро дид, монд андар шигифт,
Азми рафтан карду ларзидан гирифт.
Гуфт дар ботин: «Худоё, аз ту дод,
Муҳтасиб бар пираке чангӣ фитод!»
Чун назар андар рухи он пир кард,
Дид ӯро шармсору рӯйзард.
Пас Умар гуфташ: «Матарс, аз ман марам,
К-ит башоратҳо зи Ҳақ овардаам».

Ва достони хобу дастури Худовандро бозгуфт ва қиссаро пеши рӯйи ӯ ниҳод. Пир, ки интизори чунин воқеаро надошт, аз лутфу карами Худо ҳайрон шуд. Чангро ба замин заду аз шодӣ фарёд кашид:
– Худовандо! Ҳафтод сол нони худро аз мардумон хостам ва аз ту ғофил мондам. Як дам, ки ба ёдат афтодаму аз ту кӯмак хостам, халифаро бо пойи худ пешам фиристодӣ ва мани шармандаро эҳсон намудӣ!

Дод Ҳақ умре, ки ҳар рӯзе аз он
Кас надонад қимати он дар ҷаҳон.
Харҷ кардам умри худро дам ба дам,
Дардамидам ҷумларо дар зеру бам.

Умари Форуқ гуфт: «Чунин аст подоши касе, ки ба Худо рӯй оварад».

Чунки қиссай ҳоли пир ин ҷо расид,
Пиру ҳолаш рӯй дар парда кашид.
Пир доманро зи гуфтугӯ фишонд,
Нимгуфта дар даҳони мо бимонд.
Аз пайи ин айшу ишрат сохтан
Садҳазорон ҷон бишояд бохтан.
Дар шикори бешаи ҷон боз бош,
Ҳамчу хуршеди ҷаҳон ҷонбоз бош.
Ҷонфишон афтод хуршеди баланд,
Ҳар даме тай мешавад, пур мекунанд.
Ҷон фишон, эй офтоби маънавӣ!
Мар ҷаҳони куҳнаро бинмо навӣ.
Дар вуҷуди одамӣ ҷону равон
Мерасад аз ғайб чун оби равон.

ДОСТОНИ АРАБИ НОДОР, ЗАНАШ ВА ХАЛИФАИ БАҒДОД

Як шаб аъробизане мар шӯйро
Гуфту аз ҳад бурд гуфтугӯйро,
К-ин ҳама фақру ҷафо мо мекашем,
Ҷумла олам дар хушӣ, мо нох(в)ашем.
Нонамон на, нонхуришмон дарду рашк,
Кӯзамон на, обамон аз дида ашк.
Ҷомаи мо рӯз тоби офтоб,
Шаб ниҳолину лиҳоф аз моҳтоб.
Қурси маҳро қурси нон пиндошта,
Даст сӯйи осмон бардошта.
Нанги дарвешон зи дарвешии мо,
Рӯзу шаб аз рӯзиандешии мо.

пешина
аз 176
навбатӣ