Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Ман аз шер, ки дар чоҳ аст, метарсам. Агар ту маро дарбар гирӣ, тарсам дур мешавад ва ӯро ба ту нишон медиҳам.
Шер харгӯшро дарбар гирифт ва ба чоҳ нигарист. Акси худашро дид. Пиндошт, ки шери дигаре аст ва рақиби ӯст, ки харгӯши дувумиро дар бағал дорад. Пас хашмгин харгӯшро раҳо карду худро дар чоҳ андохт. Дар чоҳ афтодан ҳамону ҷон додан ҳамон шуд:
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,
Эй басо ду турк чун бегонагон.
Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Харгӯш ҳамин ки ба кушта шудани шер бовар ҳосил кард, шоду хандон ба сӯйи дӯстони дигар давид ва муждаи марги душманро дод. Ҳайвоноти ваҳшии дигар, ки ин раҳоиро бар асари ҳушу зиракӣ ва доноии харгӯш медонистанд, гирд омаданду ӯро ситоиш ва шукри неъмат карданд.
Харгӯш ба онҳо гуфт:
Гуфт: «Таъйиди Худо буд, эй меҳон!
В-арна харгӯше кӣ бошад дар ҷаҳон?
Қувватам бахшиду дилро нур дод,
Нури дил мар дасту поро зӯр дод».
Мо худ душмани худем, ҳамчунон ки он шер акси худро душмани худ тасаввур кард.
Эй шаҳон, куштем мо хасми бурун,
Монд хасме з-ӯ батар дар андарун.
Куштани ин кори ақлу ҳуш нест,
Шери ботин сухраи харгӯш нест.
Саҳл шере дон, ки сафҳо бишканад,
Шер он аст, он ки худро бишканад.
ДОСТОНИ ФИРИСТОДАИ ҚАЙСАРИ РУМ ВА ХАЛИФА УМАРИ ФОРУҚ
Аз ҷониби Қайсари Рум намояндае барои дидори халифаи дуюм Умар ибни Хаттоб ба Мадина омад ва аз мардум суроғи қасри халифаро гирифт.
Қавм гуфтандаш, ки ӯро қаср нест,
Мар Умарро қаср ҷони рӯшанест.
Гарчи аз мирӣ варо овозаест,
Ҳамчу дарвешон мар ӯро козаест.
Эй бародар, чун бибинӣ қасри ӯ?
Чунки дар чашми дилат рустаст мӯ.
Чашми дил аз мӯву иллат пок ор
В-он гаҳ он дидори қасраш чашм дор.
Ҳар киро ҳаст аз ҳавасҳо ҷони пок,
Зуд бинад ҳазрату айвони пок.
Ба ӯ гуфтанд, ки халифа бо ин ки амири ҳамаи мусалмонон аст, қаср надорад ва монанди дигарон дар кулбае зиндагӣ мекунад. Ҳар кас ҷонаш аз ҳавою ҳавасҳо дур бошад, боргоҳи ӯро хоҳад дид.
Фиристодаи Қайсар бо шунидани ин суханҳо дилаш ба дидани халифа муштоқтар шуд ва ба ҷустуҷӯйи ӯ пардохт, то ин ки зани арабе ба ӯ гуфт, ки халифа зери фалон дарахти хурмо хобидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор