Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Табиби донишманд дар нахустин муоинаву ташхис аз дарди бемор огоҳӣ ёфт, вале набзи ӯро гирифт ва забонашро дид. Аз нишонаи нохушӣ пурсид ва ҳар озмоиш лозим донист, ба кор гирифт ва донист хаёлаш дуруст буда ва гирифтори бемор аз ранҷи тан нест.
Ман чӣ гӯям – як рагам ҳушёр нест
Шарҳи он ёре, ки ӯро ёр нест.
Шарҳи ин ҳиҷрону ин хуни ҷигар
Ин замон бигзор то вақти дигар.
Гуфтамаш: «Пӯшида хуштар сирри ёр,
Худ ту дар зимни ҳикоят гӯш дор.
Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон
Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон».
Табиб аз дард огоҳ шуд, аммо салоҳ донист, ки баногоҳ онро бохабар кунад ва хост, ки ибтидо озмоиши худро собит кунад ва сипас андак-андак шоҳро биёгоҳонад. Бинобар ин, ба шоҳ гуфт:
Гуфт: «Эй шаҳ, хилвате кун хонаро,
Дур кун ҳам хешу ҳам бегонаро.
Кас надорад гӯш дар даҳлезҳо,
То бипурсам з-ин канизак чизҳо.
Хона холӣ монду як дайёр на,
Ҷуз табибу ҷуз ҳамон бемор на.
Табиб оҳиста-оҳиста аз канизак пурсид:
Нарм-нармак гуфт: «Шаҳри ту куҷост?
Ки илоҷи аҳли ҳар шаҳре ҷудост».
Ҳамчунон ки канизак саргузашти хешро ба забон меовард, табиб набзи ӯро дар даст медошт ва як-як номи шаҳрҳое, ки канизак мешинохт, ба забон меовард ва саршиносони он шаҳрро ном мебурд. Қасдаш ин буд, ки аз ҷаҳиши набзаш дарёбад, ки аз кадом шаҳр аст ва ба чӣ кас дил бастааст. Пеш аз ин ки шоҳ ӯро бихарад, ошиқи кӣ будааст:
Номи шаҳре гуфту з-он ҳам даргузашт,
Ранги рӯю набзи ӯ дигар нагашт.
Хоҷагону шаҳрҳоро як ба як
Бозгуфт, аз ҷою аз нону намак.
Шаҳр шаҳру хона хона қисса кард,
На рагаш ҷунбиду на рух гашт зард.
Набзи ӯ бар ҳоли худ буд бегазанд,
То бипурсид аз Самарқанди чу қанд.
Ҳамин ки номи Самарқанд бар забони табиб омад, набзи канизак тунд зад ва рангу рӯйи канизак сурх шуд:
Чун зи ранҷур он ҳаким ин роз ёфт,
Асли он дарду балоро бозёфт.
Гуфт:
Гуфт: «Донистам, ки ранҷат чист, зуд
Дар халосат сеҳрҳо хоҳам намуд».
Табиб донист, ки мардеро дӯст медорад, ки заргар аст ва дар маҳали Ғотифари шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекунад ва чун аз ӯ дур монда, бемор шудааст. Ҷуръати гуфтани рози худро ба ҳеҷ кас надорад. Аз ин ҷиҳат гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор