Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар яке хосияти худро намуд,
Он ҳунарҳо ҷумла бадбахтӣ фузуд.
Он ҳунарҳо ҷумла ғули роҳ буд,
Ғайри чашме, к-ӯ зи шаҳ огоҳ буд.

Дар ин вақт чашми шоҳ ба онҳо афтод ва донист, ки он дузд ӯро шинохтааст ва шарики шаби гузашта, мувофиқи ваъда, онҳоро аз ин гирифторӣ бояд наҷот диҳад. Султон Маҳмудро аз дидори онҳо шармаш омад ва гуфт:
– Ҳунарҳои дуздон сабаби бадбахтии онҳо шудааст, вагарна он ки аз овози саг шоҳро мешиносад, қадраш камтар аз саги Асҳоби Каҳф нест.

Саг чу бедор аст шаб чун посбон,
Бехабар набвад зи шабхези шаҳон.
Ҳин, зи бадномон набояд нанг дошт,
Ҳуш бар асрорашон бояд гумошт.
Ҳар кӣ ӯ як бор худ бадном шуд,
Худ набояд ном ҷусту хом шуд.
Эй басо зар, ки сияҳтобаш кунанд,
То шавад эмин зи тороҷу газанд.

ДОСТОНИ МАРДИ ҚАРЗДОР ВА МУҲТАСИБИ ТАБРЕЗ

Он яке дарвеш з-атрофи диёр,
Ҷониби Табрез омад вомдор*.

Дарвеше ба Табрез омад. Дар он шаҳр марди некӯкору бахшандае муҳтасиб ё худ раиси шаҳр буд ва Бадриддин Умар ном дошт. Ӯ одаме буд, ки пайваста ба кӯмаки мардуми шаҳр меомад ва он дарвеш ҳам, ки бо вай ошноӣ дошт, аз ҷумлаи намакхӯрдаҳои ӯ буд.

Ҳотам ар будӣ, гадои ӯ шудӣ,
Сар ниҳодӣ, хоки пойи ӯ шудӣ.

Муҳтасиб ҳамеша гирифторону дармондагонро ёрӣ медод. Он дарвеш ҳам чанд вақт боз ба хулқу атвори муҳтасиб шинос буд ва ҳоло ҳам, ки ҳазор динор қарздор шуда буд, ба дархости ёрӣ барои адои қарзи худ ба ҷустуҷӯйи муҳтасиб ба шаҳри Табрез омада, умедворона ба дари хонаи вай рафт ва ӯро суроғ кард. Бадбахтона, ба ӯ хабар доданд, ки муҳтасиб чанд рӯз пеш аз ҷаҳон даргузаштааст. Дарвеш бо шунидани ин хабар аз шиддати ноумедӣ беҳуш шуд:

Наърае зад марду беҳуш уфтод,
Гӯиё ӯ низ дар пай ҷон бидод.
Бас гулобу об бар рӯяш заданд,
Ҳамраҳон бар ҳолаташ гирён шуданд.
То ба шаб беҳуш буду баъд аз он
Ниммурда бозгашт аз ғайб ҷон.

То нимаи шаб дар ҳоли беҳушӣ буд ва чун кам-кам ҳолаш ба ҷо омад, даст ба даргоҳи Худованд бардошту гуфт:
– Эй Худованд! Маро бибахш, ки ба халқ такя кардам ва умед ба дигаре бастам ва туро фаромӯш кардам. Дуруст аст, ки муҳтасиб марди некӯкор ва бахшандае буд, ба ман кӯмаки молӣ мекард. Аммо он чи ӯ ба ман медод, инъикоси лутфи ту буд ва ин ту будӣ, ки ба ӯ хислати бахшандагӣ дода будӣ!

пешина
аз 176
навбатӣ