Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ПИРАЗАНИ НАВАДСОЛА

Буд кампире навадсола калон,
Пурташаннуҷ рӯю рангаш заъфарон.

Пиразани навадсолаи фарбеҳу рӯяш аз ожанг пуршуда, дандонҳо рехта, мӯяш сафеду қадаш чангзада ва қувваи фикрии ӯ аз кор афтода. Аммо ҳирсу шаҳвати ӯ ҳеҷ коста нашуда буд.

Ишқи шӯю шаҳвату ҳирсаш тамом,
Ишқи сайду пора-пора гашта дом.

Шаҳвату ҳирси беҳангоми ӯ монанди доми порапорае буд, ки шикорро намепартофт, аз пирӣ аз по афтода буд ва ҳаваси аспсаворӣ дар дил дошт. Саги пири дандонрехтаро мемонд, ки почаи касе наметавонист бигирад ва ба газидани саргин ҳаваси худро мешикаст.

Рехт дандонҳои саг, чун пир шуд,
Тарки мардум карду саргингир шуд.
Ин сагони шастсоларо нигар,
Ҳар даме дандони сагшон тезтар.

Умр, ки ба пирӣ мерасад, одам аз по меафтад ва худаш беҳтар медонад, ки вуҷудаш дигар ба ҳеҷ кор қодир нест, вале касе бо ӯ вохӯраду дуояш кунад, ки «умрат дароз бод», хушаш меояд ва хандон мешавад ва намефаҳмад, ки барои пири оҷизи азкормонда умри дароз дуои хайр нест, нафрин аст.
Гадое ба молдори гелонӣ вохӯрд ва аз ӯ нон талабид. Марди молдор нонаш дод. Гадо гуфт:
– Худоё, ӯро ба хонаводааш бирасон!
Мард гуфт:
– Он хона, ки ман дидаам, Худо туро ба он ҷо бирасонад!
Гадо намедонист, ки дуо бояд бо ҳоҷати бахшанда ҷӯр бошад. Ту бояд барои диҳанда чизеро аз Худо бихоҳӣ, ки худи диҳанда мехоҳад ва бад-он ниёз дорад.
Чун гуфтугӯ дар бораи пиразан пеш омад, бояд гуфт, ки чун зан пир шуд, сармояи забони ӯ ва нишотбахшию шодиафзоии худро аз даст медиҳад. На чизе барои додан дорад ва на зебоӣ дорад, ки пешниҳод кунад ва наметавонад аз зебоие баҳра барад.
Гадое ба дари хонае омаду аз соҳиби хона нонпорае талабид.

Гуфт соҳибхона: «Нон ин ҷо куҷост?
Хираӣ, кай ин дукони нонбост?»
Гуфт: «Боре, андаке пиҳам биёб»,
Гуфт: «Охир, нест дукони қасоб».
Гуфт: «Порай орд деҳ, эй кадхудо!»
Гуфт: «Пиндорӣ, ки ҳаст ин осиё?»

Гадо гуфт:
– Ҳоло, ки нон, чарбу ва орд надорӣ, каме обам бидеҳ.
Соҳибхона гуфт:
– Магар ин ҷӯй ё обанбор аст?
Соҳибхона ҷавоби инкор дод. Гадо доманашро боло кашид ва шалварашро поин кард. Соҳибхона гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ