Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
ДОСТОНИ АМИРУ ҒУЛОМ ВА ЗОҲИД
Буд амире, хушдиле, майборае,
Каҳфи ҳар махмуру ҳар бечорае.
Мушфиқе, мискиннавозе, одиле,
Ҷавҳаре, зарбахшише, дарёдиле.
Шоҳи мардону амиралмӯъминин,
Роҳбону роздону дӯстбин.
Даври Исо буду айёми Масеҳ,
Халқ дилдору камозору малеҳ.
Дар рӯзгори гузашта амире буд меҳрубону зиндагиро хушгузарон, майдӯсту ҳам майхора. Бечораро кӯмакрасон, додгару бахшандае, ки мардумонро ба дини Исо (а) ташвиқ мекард ва меҳмоннавозу дӯстнигаҳдор буд. Шабе як шахс меҳмони хонаи амир шуд. Амир ба хотири осоишу хушҳолии меҳмон ба ғуломаш фармуд, ки барои меҳмон май омода кунад ва чун дар хонааш шароб набуд, ӯро назди роҳибе, ки беруни шаҳр зиндагӣ мекард, фиристод, то аз ӯ бода бихарад. Дар он замон дар шариати Исо (а) майнӯшӣ иҷозат буд. Ғулом ба дайри роҳибон рафт ва ду кӯза аз майи ноб пур карда, ба сӯйи хонаи амир шитофт:
Зар бидоду бодаи чун зар харид,
Санг доду дар иваз гавҳар харид.
Бодае, к-он бар сари шоҳон ҷаҳад,
Тоҷи зар бар тораки соқӣ ниҳад.
Фитнаҳову шӯрҳо ангехта,
Бандагону хусравон омехта.
Устухонҳо рафта, ҷумла ҷон шуда,
Тахту тахта он замон яксон шуда.
Дар роҳи бозгашт ғулом ба зоҳиди хушкмағзи ғамзадаю мутаассибе вохӯрд:
Пешаш омад зоҳиде, ғамдидае,
Хушкмағзе, дар бало печидае.
Тан зи оташҳои дил бигдохта,
Хона аз ғайри Худо пардохта.
Гӯшмоли меҳнати безинҳор,
Доғҳо бар доғҳо чандин ҳазор.
Зоҳид аз ғулом пурсид:
– Дар ин кӯзаҳо чист?
Гуфт:
– Шароб.
Гуфт:
– Барои кӣ мебарӣ?
Гуфт:
– Барои фалон амир.
Зоҳид бонг зад:
– Шаробнӯшӣ шоистаи амир нест, кори Шайтон аст!
Ва бо асои худ кӯзаҳоро шикаст. Ғулом аз хашми зоҳид гурехт ва назди амир омаду он чи гузашта буд, гуфт. Ғулом гуфт:
– Зоҳид мегуфт, ки агар май ҳалол аст, барои мардуми авом ҳалол аст, на барои мардумони доно ва диндорон.
Гар ҳалол омад пайи қути авом,
Толибони дӯстро омад ҳаром.
Ошиқонро бода хуни дил бувад,
Чашмашон бар роҳу бар манзил бувад.
Душмани роҳи Худоро хор дор,
Дуздро минбар манеҳ, бар дор дор.
Зад зи ғайрат бар сабӯ сангу шикаст,
Ӯ сабӯ андохт в-аз зоҳид биҷаст.
Амир хашмгин шуд ва ба ғулом гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор