Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Рӯбоҳ гуфт:
– Агар чанде сахт тарсида асту дигар тан ба қазо нахоҳад дод ва фиреб нахоҳад хӯрд, ӯ аз харигарӣ дур нест. Боз ҳам дар макру ҳилаи ман меафтад.

Тавбаҳо кардаст хар бо Кирдгор,
Ки нагардад ғарраи ҳар нобакор.
Тавбаҳояшро ба фан барҳам занем,
Мо адувви ақлу аҳду равшанем.

Он гоҳ дубора худро ба назди хар расонид.
Хар гуфт:
– Наздики ман маё, ки душмани манӣ!

Ноҷавонмардо, чӣ кардам ман туро,
Ки ба пеши аждаҳо бурдӣ маро?

Рӯбоҳ гуфт:
– Он ки ту дидӣ, шер набуд, тилисми сеҳру ҷоду буд, ки ба чашми ту шер менамуд. Ман аз ту заифтару харобтарам. Он ҷо чаро мекунам, то ҳол шереро надидаам.

Гуфт рӯбаҳ: «Он тилисми сеҳр буд,
Ки туро дар чашм он шере намуд.
В-арна ман аз ту ба тан мискинтарам,
Ки шабу рӯз андар он ҷо мечарам.
Гарна з-он гуна тилисме сохтӣ,
Ҳар шикамхоре бад-он ҷо тохтӣ».

Ва ин тилисмро барои ин сохтаанд, ки ҳар шикамбадори пурхӯре он ҷо наравад ва ба тамаъи дар он марғзор мондан наафтад.
Хар гуфт:
– Аз пеши ман дур шав, ту душмани манӣ ва дар рехтани хуни ман саъй мекунӣ. Ман шерро, ки дидам, гӯё Азроилро дидаам. Ҳамаи танам аз тарс ба ларза афтод. Ҳамон ҷо гуфтам, ки «эй Худованд, пойи маро қувват бидеҳ, ки бигурезам. Шарт мекунам, ки дигар васваса накунам ва тамаъ наварзам». Барои ҳамин Худо маро аз кушта шудан раҳонид:

Он чи медидам зи ҳавли беамон,
Тифл дидӣ, пир гаштӣ дарзамон.

Рӯбоҳ гуфт:
– Ваҳму хаёлат сабаби гумроҳӣ ва каҷандешии ту шудааст. Аз худ каме берун биё, то ҳақиқатро дарёбӣ:

Чун туро ваҳми ту дорад хирасар,
Аз чӣ гардӣ гирди ваҳми он дигар?
Оҷизам ман аз мании хештан,
Чӣ нишастӣ пурманӣ ту пеши ман?

Оқибат дар баробари далели рӯбоҳ хар оҷиз шуд. Боз харигарии ӯ боло гирифт ва дубора фиреб хӯрд:

Ҳирс кӯру аҳмақу нодон кунад,
Маргро бар аҳмақон осон кунад.

Боз аз пушти рӯбоҳ равон шуд ва наздики шер расид. Шер то дастраси ӯ қарор гирифтани хар наҷунбид. Баъд барҷасту шиками ӯ дарид. Чун бар асари ҳаракатҳо ташна шуда буд, ба сари чашма рафт, то баргаштани ӯ рӯбоҳ дилу ҷигари харро хӯрд. Вақте ки шер баргашт ба ҷустуҷӯйи дилу ҷигари хар пардохт ва ҳарчи кофт, чизе пайдо накард, ба рӯбоҳ гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ