Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Ходиме аз хидмат ба мардум махдуму азиз мешавад ва махдуме аз худписандӣ ба зиллату пастӣ меафтад. Чӣ басо сайде, ки растагор аст ва чӣ басо сайде, ки гирифтор.
Араберо сагаш мемурд ва ӯ гиряву зорӣ мекард. Раҳгузаре сабаби зории ӯро пурсид.
Гуфт:
– Саге доштам, ки:
Рӯз сайёдам буду шаб посбон,
Тезчашму сайдгиру дуздрон.
Пурсид:
– Бемориаш чист?
Гуфт:
– Дарди гуруснагӣ.
Раҳгузар гуфт:
– Худованди азиз ба ту сабр бидиҳад. Дар ин халта, ки бо худ дорӣ, чӣ ҳаст?
Гуфт:
– Нон!
Роҳгузар гуфт:
– Эй мард, чаро аз ин нон ба он саг намедиҳӣ, то аз гуруснагӣ намирад?
Гуфт:
– Ӯро он қадар дӯст надорам.
Даст н-ояд бедирам дар роҳ нон,
Лек ҳаст оби ду дида ройгон.
Товус пари зебои худро мебинад, аммо пойҳои зишти худаш ба чашмаш намерасад. Барои ҳамин ғурур ба ӯ чашми бад мерасад. Бо ғурури худ ҳасади дигаронро меафзояд ва ба дарди сар меафтад:
К-аз ҳасад в-аз чашми бад бе ҳеч шак,
Сайру гардишро бигардонад фалак.
Об пинҳон асту дӯлоб ошкор,
Лек дар гардиш бувад об асли кор.
Чашми некӯ шуд давои чашми бад,
Чашми бадро «ло» кунад зери лагад.
Ин ғурур, ки дар товус ҳаст, дар шайтон ҳам буд. Шайтон дар луғат ба маънои саркаш аст. Ӯ аз фармони Худо бо худписандӣ сар кашид ва дархури лаънату нафрини Парвардигор шуд. Раёсатҷӯйӣ ва бартарихоҳӣ ӯро аз даргоҳи Худои бузург дур кард.
Донишманде товусеро дид, ки парҳои худро меканду ба замин мепартофт. Гуфт:
– Чаро парҳои зеборо меканӣ? Он ҳам ин парҳои зебо, ки қуръонхонон онҳоро чун ишорачӯб дар байни варақҳои Қуръони маҷид мегузоранд:
Ин чӣ ношукриву чӣ бебокӣ аст?
Ту намедонӣ, ки наққошаш кӣ аст?
Бармакан он пар, ки напзирад рафӯ,
Рӯй махрош аз азо, эй хубрӯ.
Товус аз гиря боз истоду гуфт:
– Эй марди доно, ту рангу бӯйро мебинӣ ва он балоҳо, ки аз чашми ҳасуд ба ман мерасад, ҳама аз ин парҳои зебост, намебинӣ:
Он намебинӣ, ки ҳар сӯ сад бало
Сӯйи ман ояд пайи ин болҳо.
Чун надорам зӯру забти хештан,
З-ин қазову з-ин балову з-ин фитан.
Он беҳ ояд, ки шавам зишту кареҳ,
То бувад омин дар ин кӯҳсору теҳ.
Ин силоҳи уҷби ман шуд, эй фато!
Уҷб орад муъҷибонро сад бало».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор