Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами дастонам орзуст.
Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо
Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст…

Тайи чанд соли охир осори пурарзиши ин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ба мамолики Ғарб, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳ ёфта, дар дили ҳазорон нафар мардуми гуногуннажоду мухталифзабон ва маънавиятҷӯи ин сарзамин маъво мегузорад. Хабаргузории сайти «Донишҷӯёни эронӣ»-и пойгоҳи интернетии Вазорати умури хориҷаи ИМА иттилоъ медиҳад, ки алҳол Мавлоно Румӣ дар кишвари Амрико маҳбубтарин шоир ба шумор меравад. Ҳам акнун маҳфилҳои дарсӣ марбут ба осори ӯ дар тамоми нуқоти ин кишвар вуҷуд доранд ва ин дар ҳоле аст, ки як даҳсола пеш камтар касе ӯро мешинохт. Баррасиву суханрониҳо, мутолиаи осори ӯ дар бахшҳои фарҳангӣ, матолиби зиёде аз аҳвол ва осори вай дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳои ҳама шаҳрҳои бузурги Амрико ба нашр мерасанд. Гурӯҳе аз кормандони телевизиони ин кишвар барномаи ҷолиберо роҷеъ ба зиндагинома ва осори ӯ сабт карда, ба маърази намоиши миллионҳо тамошобин гузоштаанд. Ин ҳама рӯйдодҳои фарҳангии марбути Румӣ нишондиҳандаи баланди маҳбубияти ӯ дар Амрико ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ қайд мекунад, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи Амрико рӯз то рӯз ва сол ба сол ба шахсият ва осори пурарзиши Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ зиёд мегардад ва бо баёни матолиби боло чунин меафзояд:
Дар ҳақиқат, ин шоири шаҳир ба ҳеҷ ваҷҳ амрикоӣ нест. Амрикоиҳо ҳам наметавонанд чеҳраи ӯро ба таври зинда дар толорҳо, хиёбону гулгаштҳо ва ё дар барномаҳои телевизионӣ бубинанд. Зеро вай беш аз ҳафтсад сол пеш аз ин даргузаштааст ва агар номи ӯ муддати замони кӯтоҳест, ки дар Амрико ба номи ошно табдил ёфта бошад, тоҷикон, эрониён ва дигар мардумони форсизабони ҷаҳон қарнҳои зиёдест, ки вайро хеле хуб мешиносанд ва аз осори пурарзиши ӯ баҳраҳо мебардоранд. Ному насаби аслии ӯ Ҷалолиддини Балхист ва ӯ дар Амрико бо нисбаи Румӣ бештар шуҳрат дорад.
Тибқи маълумоти чандин сарчашмаҳои муҳим ва муътамад дар ИМА китобҳои Мавлоно Румӣ тайи даҳ соли охир беш аз осори ҳар шоири дигаре дар ин кишвар ба фурӯш расидааст. Таъсиси сайти махсус таҳти унвони «Румӣ» дар шабакаи интернетӣ дар як муддати кӯтоҳ беш аз як миллион нафар амрикоиҳоро ба худ ҷалб намуда ва онҳо аз матолиби он истифода бурданд. Ному тасвири Мавлоно Румӣ дар китобҳо, лавҳаҳо, тақвимҳо, дуконҳои китобфурӯшӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо, мактабу донишгоҳҳои саросари Амрико хеле зиёд ба назар мерасад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсият ва осори ин мутафаккири бузурги тоҷик торафт дар кишвари он тарафи уқёнус нуфуз пайдо намуда, мақом ва манзалати волоеро касб мекунад.

пешина
аз 176
навбатӣ