Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Одамӣ дорои ду ақл аст: яке он ки таҳсил мекунад ва дигар он ки худодод аст.

Ақли дигар бахшиши Яздон бувад,
Чашмаи он дар миёни ҷон бувад.
Чун зи сина оби дониш ҷӯш кард,
На шавад ганда, на дерина, на зард.
Ақли таҳсилӣ мисоли ҷӯйҳо,
К-он равад дар хонае аз кӯйҳо.
Роҳи обаш баст шуд, шуд бенаво,
Аз даруни хештан ҷӯ чашмаро!

ДОСТОНИ СИТОИШГАРУ ХАЛИФАИ БАҒДОД

Марде ба Ироқ сафар кард. Чун баргашт, ёрони ӯ пурсиданд, ки сафар чӣ гуна анҷом ёфт? Хуш гузашт ё на? Марди мусофир посух дод, ки сафар бисёр хуб буд, ҷуз дурии дӯстону азизон камбуде надоштам. Халифаи Бағдод ба ман даҳ ҷома дод, ки яке аз дигаре беҳтар. Он гоҳ дар ситоиши халифа он қадар доди сухан дод, ки чӣ қадар меҳрубону бахшанда буд. Дӯстон гуфтанд:
– Зоҳири ту нишон медиҳад, ки ин суханон дуруст нестанд. Саропойи ту жанда аст ва ҳоли ту ҳам зор. Агар халифа ба ту чизе дода буд, бояд зоҳири дурусте медоштӣ.

Пас бигуфтандаш, ки аҳволи нажанд
Бар дурӯғи ту гувоҳӣ медиҳанд.
Тан бараҳна, сар бараҳна, сӯхта,
Шукрро дуздида ё омӯхта.
К-ӯ нишони шукру ҳамди мири ту,
Бар сару бар пойи бетавфири ту?
Гар забонат мадҳи он шаҳ метанад,
Ҳафт андомат шикоят мекунад.
Дар сахои он шаҳу султони ҷуд
Мар туро кафшеву шалворе набуд?

Марди сафаркарда гуфт:
– Ман он чи аз халифа гирифтам, ба бенавоёну ниёзмандон бахшидам. Онҳо гуфтанд:
– Бахшиш кори хубест, агар ту бо хушнудиву ризо мол бахшидаӣ, муборак бошад. Вале рангу рухсори ту ошкор мекунад, ки ту на чизе гирифтаӣ ва на чизе додаӣ. Чеҳраи одами бахшанда равшану нуронӣ аст. Рӯйи ту зарду чашми тира, ҳоли нохушу ботинат безор аст.

Худ гирифтам, мол гум шуд, майл ку?
Сайл агар бигзашт, ҷойи сайл ку?
Сад нишон бошад дарун исорро,
Сад аломат ҳаст некӯкорро.

Ёрон гуфтанд:
– Аз ҳолу аҳволи ҳар кас сирри замири ӯ хабар медиҳад. Ту чаро беҷиҳат дидори халифа ва меҳрубонию бахшиши ӯро ба худ мебандӣ, ба худ туҳмат мезанӣ? Ҳеҷ нишоне аз ин ки достони ту рост бошад, пайдо нест.

Ту малоф аз мушк, к-он бӯйи пиёз
Аз дами ту мекунад макшуф роз.
«Гулшакар хӯрдам» ҳамегӯйиву бӯй,
Мезанад аз сир, ки ёва магӯй!

пешина
аз 176
навбатӣ