Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ донӣ ту, ки дар ботин чӣ шоҳе ҳамнишин дорам,
Рухи заррини ман мангар, ки пойи оҳанин дорам.
Бад-он шаҳ, к-ӯ маро овард, куллӣ рӯй овардам,
В-аз он к-ӯ офаридастам, ҳазорон офарин дорам.
Гаҳе хуршедро монам, гаҳе дарёи гавҳарро,
Даруни дил фалак дорам, буруни дил замин дорам.
Даруни хумраи олам чу занбӯре ҳамепаррам,
Мабин ту нолаам танҳо, ки хонай ангубин дорам.
Дило, гар толиби моӣ, баро бар чархи хазроӣ,
Чунон қасрест шоҳи ман, ки амнулоламин дорам.
Чӣ боҳавл аст он обе, ки ин чарх аст аз ӯ гардон,
Чу ман дӯлоби он обам, чунин ширин ҷабин дорам.
Чу деву одамиву ҷин ҳамебинӣ ба фармонам,
Намедонӣ, Сулаймонам, ки дар хотам нигин дорам.
Чаро аз моҳ вомонам, на ақраб кӯфт бар поям,
Чаро з-ин чоҳ бар н-оям, чу ман ҳаблулматин дорам.
Кабӯтархонае кардам кабӯтарҳои ҷонҳоро,
Бипар, эй мурғи ҷони ман, ки сад бурҷи ҳасин дорам.
Шуои офтобам ман, агар дар хонаҳо гардам,
Ақиқу зардёқутам, валодат з-обу тин дорам.
Ту ҳар зарра, ки мебинӣ, биҷӯ дурри дигар дар вай,
Ки ҳар зарра ҳамегӯяд, ки дар ботин дафин дорам.
Туро ҳар гавҳаре гӯяд машав қонеъ ба ҳусни ман,
Ки аз шамъи замир аст, ин ки нуре дар ҷабин дорам.
Хамуш кардам, ки он ҳуше, ки дарёбӣ, надорӣ ту,
Маҷунбон гӯшу мафребон, ки ҳуши тезбин дорам».
Ба ривояти Афлокӣ ҳарами Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бад-ӯ гуфт: «Кош Мавлоно чаҳорсад сол умр кардӣ, то оламро аз ҳақоиқу маориф пур сохтӣ».
Мавлоно фармуд: «Магар мо Фиръавнем, магар мо Намрудем? Мо ба олами хок пайи иқомат наомадаем, мо дар зиндони дунё маҳбусем, умед, ки анқариб ба базми ҳабиб расем. Агар барои маслиҳату иршоди бечорагон набудӣ, як дам дар нишемани хок нагузидаме».
Гӯянд: Дар шаби охир, ки бемории Мавлоно сахт шуда буд, хешону пайвастагон изтироби азим доштанд ва Султонвалад – фарзанди Мавлоно ҳар дам бетобона ба сари падар меомад ва боз таҳаммули он ҳолат накарда, аз ҳуҷра берун мерафт. Ӯ ин ғазали шӯрангезро дар он вақт назм фармуд ва ин охирин ғазалест, ки Мавлоно сурудааст:

Рав, сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун,
Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун.
Моему мавҷи савдо, шаб то ба рӯз танҳо,
Хоҳӣ ба мо бибахшо, хоҳӣ бирав раҳо кун.
Аз ман гурез, то ту ҳам дар бало наафтӣ,
Бигзин раҳи саломат, тарки раҳи бало кун.
Моему оби дида, дар кунҷи ғам хазида,
Бар оби дидаи мо сад ҷӯйи осиё кун.
Хиракушест моро, дорад диле чу хоро,
Бикшад, касаш нагӯяд, тадбири хунбаҳо кун.
Бар шоҳи хубрӯён воҷиб вафо набошад,
Ай зардрӯйи ошиқ, ту сабр кун, вафо кун.
Дардест ғайри мурдан, к-ӯро даво набошад,
Пас ман чӣ гуна гӯям, к-он дардро даво кун?!
Дар хоб дӯш пире дар кӯйи ишқ дидам,
Бо даст ишоратам кард, ки азм сӯйи мо кун.

пешина
аз 176
навбатӣ