Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

лиғи маслаку мароми орифона мекунад» (Расул Ҳодизода).
Мутаассифона, дар асари таҳдиду бадгӯйиҳои муташаддиди мухосимину мутаассибин, баъди шонздаҳ моҳи қариниву ҳамнишинии сӯфиёна ва омӯзишу пажӯҳиши орифона, ногаҳону ноъаён Шамси Табрезӣ нопадид мегардад ва ҷӯйишу пӯйишҳои бардавоми Мавлавӣ самаре намедиҳанд.
Барои Мавлоно ғами фироқу андӯҳи дурӣ аз Шамсулҳақи Табрезӣ, ки барояш «Худованди Худовандони асрори Ҳаққу Ҳақиқат» буд, аз шодиву фараҳи дидораш хеле гарону шадидтар омад. Аз гуфтаи писараш Султон Валад,

Бонгу афғони ӯ ба арш расид,
Нолаашро бузургу хурд шанид!

Ҳамин гуна, Мавлавии ранҷидаву шӯрида ва сукуту узлатгумкарда дигар авзоъи тӯфониву туғёниеро бар дӯши хештан гузошта, андешаҳои ҷудойиву ифодаҳои шайдойиро дар қолаби манзуму манзури шеъру суруду мусиқӣ мегунҷониду мепароканид ва ба гирдоби печони дилу селоби хурӯшони рӯҳи худ орому сукуте мебахшид. Пештар агар, мегӯяд Мавлоно,

Дар даст ҳамеша мусҳафам буд,
Дар ишқ гирифтаам чағона!
Андар даҳане, ки буд тасбиҳ,
Шеър асту дубайтиву тарона!

Баъди фавти устоди зиндаёдаш Бурҳонуддини Тирмизӣ ва тарки идеали инсониву ирфонияш Шамсуддини Табрезӣ бахти ҳамдамиву ҳамқадамии дӯстону шогирдони ғамхору вафодоре чун Салоҳуддини Заркӯб ва Ҳусомуддини Чалабӣ насибаш гардида, Мавлоно ҳузуру вуҷудашонро сидқан писандидаву ситуда бошад ҳам, дар гулбуни ҷони эшон ҳамон бӯйи дармону армони Шамсуддини яктову беҳамторо меҷусту шамидан мехост:

То нақши хаёли дӯст бо мост,
Моро ҳама умр худ тамошост!

Он ҷо, ки висоли дӯстон аст,
Валлаҳ, ки миёни хона саҳрост!
Он ҷо, ки муроди дил барояд,
Як хор биҳ аз ҳазор хурмост!

Аммо, бадбахтона, тири шарорати тақдир ин дафъа ҳам бехатову ҳадафгир омад: ҳар қадар мекофт, аз Шамсуддин нишоне намеёфт…
Лоъилоҷ ҷисмашро гум кардаву ёдашро тӯшаи якъумрии худ гардонид…
Боз ҳамон шогирдону муридону ёрони тариқат, «шеъру дубайтиву тарона», ҳамон «рубобӣ»-ву «мурғи обӣ»-ву «мири соқӣ»-ву «умри боқӣ»-ву «мири ғавғо»-ву «шӯру савдо», ҳамон андешаву истеъдоду аҳдофи воло, сӯзи тафсони дили гирён, парвози рӯҳу ҷони малакутӣ, ғами одаму одамсароро хӯрданҳо ва худафсориву худафшориҳо таскину тамкинаш мебахшиданд.
Ӯ ба ваҷд омада мегуфту дигарон менавиштанду мехонданду месуруданд.
Ӯ меафшонду атрофиён мечиданду ба ришта мекашиданд.
Аз ӯ мехостанду ӯ месуруд…
Боре, соли 1259 буд, ҳамин гуна, муриди дилсӯзу мададгораш Ҳусомуддини Чалабӣ аз устодаш иқтизо намуд, ки дар партави афкору пайравии ангори Шамси Табрезӣ, дар тафсиру табсири масоили нозуку печидаи ирфону сӯфия, нукоти душворфаҳми дину фалсафаи ислом, тарғибу таншири ғояҳои баланди мавлавия, ташреҳу тавзеҳи сӯраву ояҳои раббонӣ ва талқину тазйини сифатҳои Инсони Комил асари манзуми хонданиву мондание ба дафтар оварад.
Мавлавии ҷаҳондидаву донишандӯхта, гарму сарди зиндагиро омӯхта, дар пайи Аттору Санойӣ «ҳафт шаҳри ишқро гардида» ва неку бади оламро санҷида, бадоҳатан, худи ҳамон сол, эҷоди «Маснавии маънавӣ»-ро сар карда, дар баробари навиштани дигар ашъору таронаҳои дилошӯб, то дами маргаш, дар миёни солҳои 1259 – 1273, яъне аз синни камолоти 52солагӣ то дами реҳлаташ дар 66-солагӣ, дар давоми 14 соли бартамом, бо каме таваққуфу танаффуси иҷборӣ дар давоми эҷод, ин амалу саргармии бебадалро давом медиҳад, ки дафта-

пешина
аз 71
навбатӣ