Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

ри шашумаш нотамом мондааст.
«Маснавии маънавӣ» рисолаи мусалсали манзуми фалсафӣ – ирфонӣ ва мазҳабӣ–ахлоқӣ буда, дар пайравиву дастгирии осори пешвоёну афкори донишмандони бузурги сӯфия, аз ҷумла, «Ҳақиқат–ул–ҳадиқа»-и Ҳаким Абулмаҷди Санойӣ (1080 – 1140) ва «Мантиқ–ут–тайр»-и Шайх Аттори Нишопурӣ (1145 – 1221) гуфтаву навишта шудааст.
Баҳраш рамали мусаддаси маҳзуф, мураккаб аз шаш дафтар (боб)-у камобеш иборат аз 25 700 байт буда, дар нусхаҳои гуногуни қаламиву сангӣ маҳфузу гиромӣ доштаандаш ва барои варасаи миллату Мавлоно ёдгорӣ бигзоштаандаш.
Ба таъбири дигар, асари рӯйилавҳии ҳар толибъилми мактабу мадрасаи тоҷикиву форсиву туркизабонон будан, идеалҳои олии инсониву ирфониро ифода намудан, китоби сардастии ҳар босаводу хонадон будан, ин офаридаи заминнишони қудсошёнро азизу ҷалиси милёнҳо гардонида, то замони мо безиёну бегазанд овардаву дар ихтиёрамон гузоштааст.
«Маснавӣ», ба хотири осонии кори тарғибу ташвиқи андешаҳои ирфонӣ, фаҳмишу омӯзиши пайравону муридони пири тариқат ва дарку маърифати асрори ҳақиқат, чунон равшану возеҳ ва хотирнишину муассиру гӯё нигошта шудааст, ки ҳар касе метавонад ба қадри тавону имкони худ аз ҳар байту тамсилу ҳикояту ривояти он суду баҳрае бардорад.
Чунон ки донишманди эронӣ Фаридун ибни Аҳмади Сипаҳсолор овардааст, беҳудаву бечизе нест, ки Мавлоно «ба забони муборак мефармуд: «Баъд аз мо «Маснавӣ» шайхӣ кунаду муршиди толибон гардаду соъиқ (раҳнамо – А.Р.)-и эшон бошад»:
Бишнавед, ай дӯстон, ин достон,
Худ ҳақиқат, нақди ҳоли мост он!

Дар ҳақиқат, аз хилоли шаш дафтари «Маснавӣ» метавон симойи Ҷалолуддини Балхиро дар ойинаи сафаҳоти он ба хубӣ мушоҳада кард. Аз сӯе, ба қавли бисёре аз пажӯҳандагони рӯзгору осору афкори Мавлоно, «Маснавӣ», дар воқиъ, «ривояти манзуму машрӯҳе аз суханони Пири Табрезисту «шарҳи рамзе аз инъоми ӯ», ки бо таҷрибийёти рӯҳии Мавлоно дарҳам омехтаву аз иттилоъоти васеъу тасарруфоти соҳиронаи зиҳни ваққод (расо, тез, комил, равшан – А.Р.)-и вай моя гирифтааст» (Муҳаммадъалии Муваҳҳид).
Ҳамчунин, «ёдовар бояд шуд, ки «Маснавии маънавӣ», ба таври умум, як асари хеле мураккаб буда, вусъати назару баландии андешаи муаллифи он бесобиқа мебошад. Дар фаҳми ин асари пурмуъаммо иттилоъоти ҳамаҷониба аз фарҳанги исломӣ ва ошнойии комил бо зарофатҳои хоси форсизабонон корро (дарку фаҳмиши мазмуну маъниҳои борики «Маснавӣ»-ро – А.Р.) осон мегардонад. Ҳамзамон, донистани таъриху фалсафаи Шарқ ва тафаккури исломӣ (махсусан, ирфони тасаввуф – А.Р.) дар кушодани гиреҳҳои мушкилписанду печидаи Маснавӣ зарурати азиме доранд, ки набояд (ин талаботро – А.Р.) нодида гирифт» (Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Муҳаммади Борӣ).
Дар оғози муқаддимаи «Дафтари аввал»-и «Маснавӣ» чунин андешаҳо марқуманд, ки воқиъитарин муъаррифинома ва возиҳтарин муайянкунандаи мақсаду муҳтавои онанд: «Ин китоб – «Маснавӣ» – бунёди усули дин дар кашфи асрори вусулу яқин аст; ва дар фиқҳи Аллоҳи акбар асту шаръу бурҳони Аллоҳи азҳар».
Бешубҳа, кулли андешаҳои судманди орифона, нуктаҳои муфиди иҷтимоъӣ, ақидаҳои волои инсонпарварӣ, ситойиши муҳаббати поки маънавӣ, тавсифи ишқи сӯзони инсонӣ, танқиди зимомдорони золим, тарбияти ҳамзамонони ҷоҳил, тараннуми сулҳу ваҳдату бародарӣ, таҷассуми меҳру эътиқоду баробарӣ ва дигар иҳсосу армони наҷиби Мавлоно бар ҳамин асосу замина, вале дар либоси дилкашу дилписанди бадеъӣ зеби рақам гардидаанд, ки «Маснавӣ»-ро бар дигар ҳамзодонаш мумтоз медоранд.
Муҳтавои маснавӣ чунон ғановатманду мулавван ва зербинояш чандон мусаннаду мудаллал аст, ки касро дар ҳайрат наоварда наметавонад: Мавлоно ин қадар мазмуну маънӣ, қиёсу муқобала, ривояту ҳикоят, андарзу ҳикмат, санаду ҳуҷҷат ва ҷуръату маҳоратро аз куҷо пайдо карда бошад?!
Тадқиқоту навиштаҷоти уламои пешину пасин аёну баён медоранд, ки Мавлавӣ дар офариниши «Маснавӣ», бар замми маводи эҷодиёти шифоҳии мардумони гуногуни олам, беш аз

пешина
аз 71
навбатӣ