Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

солати инсонияшро муқаррару муайянтар менамуд ва мақсаду матлаби маърифатро на дар фалсафа, балки дар соҳати ишқу раҳ ёфтан ба ҳарими лоҳут мепиндошт.
Китоби «Мақолот»-и Шамси Табрезӣ маҷмӯъаи гуфтору мавоъизи ӯст, ки муридонаш фароҳам оварда, дар дастраси умум қарораш додаанд. Ин асари беҳамто яке аз муассиртарину муфидтарин рисолоти ирфонист, ки мададгору илҳомбахши Мавлоно дар эҷоди шаш дафтари «Маснавӣ»-ву таронаҳои «Девони Кабир» буда, барои шинохти ҳар чи бештари симои Шамсуддини «Султоналмаъшуқин», дарёфти беҳтари паҳнои ишқу алоқаи Мавлоно нисбат ба ӯ ва дарунсӯтар ворид омадан ба олами фикру андешаҳои волояш раҳнамойи беминнату шойистае метавонад бошад.
Дар воқеъ, «вақойиънигорону пажӯҳишгароне, ки перомуни дидори Шамсу Мавлоно таҳқиқ кардаанд, аксаран муътақиданд, ки «Маснавӣ»-ро таҳти таъсири андешаҳои Шамсу ташвиқи вай поягузорӣ кардаву Ҳусомуддини Чалабӣ (яке аз шогирдону пайравони Шамсу Мавлоно – А.Р.) низ маъмур буда, ки дар нигориши ашъор бо Мавлоно ҳамкорӣ кунад. Нигоранда низ, – менависад Атоуллоҳи Тадайюн, – муътақид аст: ин китоб («Мақолот»-и Шамси Табрезӣ – А.Р.) маҳсули ҷаласоти ваъзи Шамс дар Қуния буда, мазомини орифонаву достонҳои ибратангезаш, ки дар «Мақолот» ағлаби онҳо нақл шудааст, қарнҳост соҳибдилону адабдӯстонро ба худ машғул доштааст, то ҷое, ки аллома Иқболи Лоҳурӣ – суханвари орифу шоъири номдори Покистон аз андешаҳои сӯфиёнаву дониши васеъу тадбири ӯ дар осораш мадад гирифтаасту бештари сухансароёни номдори Эрону ҷаҳон бо арҷу иҳтиром аз ӯ ёд кардаву аз хирмани ирфонии вай баҳра гирифтаанд».
Барҳақ,
Шамси Табрезӣ ба рӯҳам чанг зад,
Лоҷарам дар ишқ гаштам арғанун!

Ва ин «арғанун» («боданбон»-и форсии тоҷикӣ) андар истилоҳи ирфону фаҳмиши орифон фарти таъаллуқу муҳаббат, яъне дилбастагиву дӯстдорӣ буда, аз ҷамеъи таъаллуқоту сувари касарот мунқатиъ гардидан аст, ки дар вазъу ҳолати хафӣ (пӯши- да, ниҳонӣ) даст медиҳад.
Ишқу алоқаи шадиди Мавлоно ба Шамси тавоно, чунон ки Султон Валад – писари Мавлоно дар «Валаднома» ҳикоя мекунад, монанди ҷустуҷӯйи Мӯсо (ъ) аз Хизр (ъ) аст, ки бо мақоми нубуввату рисолату рутбаи калимуллоҳӣ боз ҳам мардони Худоро талаб мекарду Мавлоно низ бо ҳама камолу ҷалолат дар талаби акмале (раҳнамое, пире, муршиде, муъаллиме) рӯз мегузаронд, то ба дидори Шамс расид:

Хизираш буд Шамси Табрезӣ,
Он ки бо ӯ агар даромезӣ,
Ҳеч касро ба як ҷаве нахарӣ,
Пардаҳои зуломро бидарӣ!
Он ки аз махфиён ниҳон буд ӯ,
Хусрави ҷумла восилон буд ӯ!
Авлиё гар зи халқ пинҳонанд,
Халқ ҷисманду авлиё ҷонанд!
Ҷисм ҷонро куҷо тавонад дид?!
Роҳи ҷонро ба ҷон тавон бибрид!
Шамси Табрезро намедиданд,
Дар талаб гарчи бас бигардиданд…

Бад-ин маънӣ, Мавлоно «баъди мулоқоту суҳбати Шамс аз машғулиятҳои илмиву мутолиа даст мекашад, тадрису таълими шогирдонашро дар мадраса фурӯ мегузорад ва тамоми вақташро дар суҳбату ҳамдамии Шамс мегузаронад. Ӯ дар симои ин сӯфии қаландармашрабу дарвешсифат таҷассуми ишқи оламгирро медид, ки ба воситаи он ба асрори малакут, ки ба он ақли одамиро роҳи идрок нест, расидан мумкин аст. Дигар аз фақеҳону мутакаллимон дурӣ ҷуста, бештари авқоти худро дар суҳбату самоъу рақси сӯфиён ба сар мебурд, ки дар он ҷо ғазалу шеърҳои пурошӯбу ҷозибадор сомиъонро ба ваҷду ҳаяҷони рӯҳӣ меоварданд. Инак, дигар ба ҷойи тоъату ибодати Худованд Ҷалолуддини Румиву шогирдону пайравонаш ба оҳанги суруду мусиқӣ бехудона рақс мекарданд ва дар ин ошуфтагиву эҳсосоти рӯҳонӣ, гӯё, ба ҷамоли Ҳақ мерасиданд. Хуллас, аз ин баъд Ҷалолуддини Румӣ худро комилан вақфи тасаввуф ва таб-

пешина
аз 71
навбатӣ