Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯйи ту,
Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дин, ёд дор!

Мувофиқи маълумоти сарчашмаву навиштаҳои дастрас, Мавлоно то зуҳури Шамси раҳнамо, ки «жӯлидапире аз пирони сӯфия буда, нафаси гармеву ҷозибаи бузургеву баёни муассире дошта» (Ризозода Шафақ) – аст, ба шеъру шоъирӣ камтар иштиғол варзида, ғолибан дар тадрисгоҳи мадрасаву хиргоҳи сӯфиён саргарми таълиму тазаккури ғояҳои мавлавияву сӯфия будааст.
Ошнойиву ҳамсуҳбатӣ бо чунин марди соҳибиродаву муҳкамақида, ки расмийёти маъмулии дину мазҳабро намеписандиду рӯшод ҷазабаи ишқу алоқаро ҷавҳари зиндагиву бунёди ҳастӣ мешуморид, дар воқеъ, омили табаддулоти куллӣ дар аъмолу афкор ва инқилоби ҷиддӣ дар ботину зоҳири Мавлоно мегардад, ӯро ба ҷунбишу гардишу ташвиш меандозад:

Чун висоли дилбараш маълум гашт,
Фонии мутлақ шуду маъдум гашт.
Соликон донанд: дар дарёи дард
То фанои ишқ бо мардон чӣ кард!

Аз гуфтаи Мавлоношиноси эронӣ Атоуллоҳи Тадайюн, «бо тавсияву роҳнамойии Шамси Табрезӣ, Мавлавӣ мебойист бо хиради нозою фартут, ҳамчунин, шеваву равиши «истидлолиёни пойчӯбин» (таъбири Мавлоно – А.Р.) падруд гӯяд, аз чанбари фазлу тартибу одоби қурун (гузаштазамон, куҳангардида – А.Р.) раҳойӣ ёбад, агар хешро ҳамгоми вай (Шамси Табрезӣ – А.Р.) мебинад! То ба сӯйи мукошафаи порсоён роҳ ёбаду бидонад: роҳ на он аст, ки Султонулъуламои падараш ба ӯ (Мавлоно – А.Р.) нишон додаву на тариқест, ки «Саййиди Сирдон» (лақаби Бурҳонуддини Тирмизӣ – А.Р.) ба вай талқин кардааст; сипас гӯш ба сурӯшу мунодии дунёи дарун (ҷаҳони ботин – А.Р.) диҳаду ҳар чӣ «ҷони ҷонон» (Шамси Табрезӣ – А.Р.) мегӯяд, он роҳро интихоб намояд, ки тариқи фалоҳу салоҳу наҷот аст».
Ҷӯяндаи пӯёву пӯяндаи ҷӯё, ки дер боз мекӯшид парда аз рухсори асрори койинот бардошта, рози хилқату бақову фанои ҳастиро дарёбад ва аз хатти тақдире, ки котибони қазо барои халойиқ навиштаанд, фарогиртар огоҳ гардад, хешро комилан таслиму тасхири Шамси Табрезӣ – омӯзгори маънавӣ ва раҳбари мазҳабӣ мегардонад, ки худро «хатти савум» муъаррифӣ карда буд.
Мавлоно, ки рози абадийяти койинотро дар ҷазбу кашиши зарроти табиъат, ки «дар дили ҳар Хуршеде ниҳон аст», мушоҳада мекунад, назарияи муъаллими соҳибдилашро, ки дидагони ҷаззобаш лабрез аз ламаъоти ҳаёт буданд, битамом меписандаду мепазирад; ӯро – муъаллиму раҳбару раҳнамояшро – ҳунарофарине меёбад, ки дар фанни балоғат муқтадир асту дар силки фасоҳат беназир ва ҳамсону ҳамсангашро пеш аз ин дар ҷое надидаву нашнидааст!
Аз нигоҳи Мавлоно, Шамси Табрезӣ «авлиёест, ки дар олами инсонийят ба сони ситораи роҳнамойи қутбе зуҳур кардаву ҳамон аст, ки Ҷалолуддин аз дер боз барои дидораш «бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр»:

Шамси дин нуқлу шаробу Шамси дин чангу рубоб,
Шамси дин хамру хумору Шамси дин ҳам нуру нор!

Нигорандагони таърихи илм овардаанд, ки бар фарози дарвозаи бузурги донишгоҳе, ки Арасту бунёдаш ниҳодааст, чунин талабот ҳак шуда буд: «Ҳар касе, ки ҳандасаро намедонад, наметавонад дар ин Академия дохил шавад».
Агар амиқ андешӣ, чунин мутасаввир мешавад, ки бар пештоқи мадрасае, ки Шамсулҳақи Табрезӣ шогирдонашро таълим медод, гӯё, навишта буданд, ки «ҳар кас аз майхонаи ишқу ваҳдат машомашро муъаттар насохтааст, наметавонад бад-ин ҷо ворид гардад»:
Ишқ асту ошиқ аст, ки боқист то абад,
Дил бар ҷуз ин маниҳ, ки ба ҷуз мустаъор нест!
Ҷалолуддин Муҳаммад аз ҳамин дидгоҳу равзана ба ҳарими тафаккуроти волову пурарзиши пири беназираш назар андохтаву шефтаву ошиқи шайдояш гашта, дар ҳамин замина ри-

пешина
аз 71
навбатӣ