Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
тоҷикӣ оҳангу навойи дилнавозу борик офарида, дар хидмати ҳамагон мегузориданд, ки «Нақши Румӣ»-ву «Нақш»-у «Румӣ»-ву «Мавлавия»-ву «Мавлавийёт»-у «Шамъ»-у «Лаълӣ»-ву «Пешрав»-у ғайраҳо номида шуда, бахше муттасил ба системаи «Шашмақом»-у «Фалак»-и тоҷикӣ ворид омадаанд.
«Нақши Румӣ» дар асл оҳанг (суруд)-и махсусе будааст, ки Мавлоно барои аҳли тасаввуф (ҳаммаҷлису ҳаммаҳфилонаш) офарида, дар миёни дарвешону мардумон таҳти унвони «Нақши Мулло» маъруфияту маҳбубияти тамоме пайдо кардааст.
Суруди мазкур дар ҷамъомадҳои сӯфиёну дарвешон мавриди иҷройишу саройиши доимӣ қарор гирифта, маъмулан фарогири маъниву мазмунҳои ахлоқӣ – фалсафӣ будааст ва дар Фарорӯду Хуросон то асрҳои XVI – XVII, то даврони дигари тоҷику орифу дарвешкушиҳои туркони навхези бадавӣ, иштиҳору интишори васеъе доштааст.
Муттасилан, дарвешу қаландарони ҳарҷогарде, ки атрофу акнофи мусулмонтабори Осиёву Аврупову Африқоро тай зада, таронаҳои «Нақши Мавлавӣ»-ю назираҳои онро ба самъи ҳаводорон мерасониданд, дар миёни мардуми форсизабон ба номи «Ҳофиз»-у дар байни туркизабонон ба исми «Ошиқ»-у «Оқин»-у «Бахшӣ» машҳуру маъруф гардидаанд.
Рақсе, ки таҳти навову ғанойи мазкур эҷоду эродаш мекарданд, «Дарвешони печон» ном дошта, то ҳол дар байни пайравони Мавлоно, махсусан, дар Қунияву Туркия, дар мавориду маросими муҳимму суннатӣ, монанди Ҷашнвораи «Мавлоно», мақому маҳбубияти хоса дорад ва иҷрояш аз ҷониби ҳунарварони дарвешсимову қаландарнамо, ки чакману кулоҳи пашминаи замони Мавлоноро дар бар доранд, то се соъат идома меёбад, ки банда (моҳи майи соли 2005, дар вокзали роҳи оҳани Теҳрон) шоҳиди иҷрои гунаи ҳозираи он будааст.
Имрӯз ҳам дар боргоҳи «Қуббаи Хазро» («Гунбади Кабуд» ё «Кабудгунбад»), ки оромгоҳи абадии Мавлоно мебошад, ихлосмандони сершумору дунболагирони устувори пири равшанзамир ҳамора маросиму маъракаҳои «Қуръон»-хониву «Маснавӣ»-ронӣ меороянд, ки далели дигари зиндаёдиву равоншодии қутби кайҳони тасаввуфу тафаккури исломии мостанд.
Оре, муддате, аниқтараш, нимаи аввали рӯзгори Мавлоно – пири тариқати Мавлавия ва орифи бузурги Қуния ба ҳамин минвол – дар роҳи тадрису таълими шогирдон, маҳфилу маҷлиси ҳаммаслакон, рақсу симоъи сӯфиёну дарвешон ва тарғибу ташвиқи таълимоти мусалсалу муфассали навсохту навбофти мутасаввифа сипарӣ мегардад.
Мавлоно дар ҳамин давра, ба хотири интишору истиқрори бештару густардатари таълимоту тазкироти хештан, осори мансури фалсафӣ-ахлоқии «Фӣҳи мо фӣҳи» (маҷмаъи панду ҳикмат ва дастуру насиҳатгуфтаҳо), «Мавоъизи маҷолиси сабъа» (ҷамъи ҳикмату мавъазате, ки дар ҳафт маҷлис эрод гардидаанд) ва «Мактубот» (иборат аз 145 номаи мақолавор)-ашро меофарад, ки ҳамагӣ музаккиру муфассири пиндору ангорҳои оламу одамшиносии ҳамонвақтаи марди хамӯши гӯё буда, ҳавсалаву ҳадафмандона аз ҷониби шогирдону пайравон ва фарзанди заковатмандаш Султон Валад гирдовариву қаламӣ гардидаанд ва дар давоми садсолаҳо дар рушду таҳаввули насри фаннии фалсафӣ-ахлоқӣ ва таҳкиму татаввури ахлоқи ҳамидаи инсонии мардуми Ховарзамин ва берун аз он ҳиссаи сазовор гузоштаанду мегузоранд.
Ба ҳамин минвол мегузаштанд айёми камолу ҷамол ва ҳамвориву ҳушёрии Мавлоно, вале…
… рӯзе аз рӯзҳои зимистони Миёназамин, дар авоне, ки Ҷалолуддин Муҳаммад 36-умин солгарди умрашро ба сар мебурд, оромишу осойиши урфиву муқаррарияшро ҳодисае аз миён бурда, дар рӯзгори пасинаи ӯ даврони «инқилобу ошуфтагӣ» (Бадеъуззамони Фурӯзонфар)-и рӯҳиеро мустақар мегардонад.
Аёнтараш, моҳи ноябри соли 1243 дар Қуния, ғайри чашмдошт, дар маҳфиле бо Шамси Табрезӣ ном дарвеши оворагарди шастсолае дучор омада, чунон моту мабҳути ҳашамати рӯҳониву азамати ирфонияш мегардад, ки муддати кӯтоҳи ҳамнишинӣ бо ӯ фақеҳи ботамкину орифи ботаскинеро ба ошиқи шайдову дарвеши ҳувайдое мубаддал сохта, дар тамоми рӯзгору осори баъдинаи Мавлоно нақши муассиру носутурдание гузоштааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор