Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Бар сари кӯи ту ақл аз сари ҷон бархезад,
Хуштар аз ҷон чӣ бувад, аз сари он бархезад.
Бар ҳисори фалак ар хубии ту ҳамла барад,
Аз муқимони фалак бонги амон бархезад.
Бигзар аз боғи ҷаҳон як саҳар, ай рашки баҳор,
То зи гулзору чаман расми хазон бархезад.
Пушти афлок хамидаст аз ин бори гарон,
Ай сабукрӯҳ, зи ту бори гарон бархезад.
Ман чу аз тири туам, болу паре бахш маро,
Хуш парад тир замоне, ки камон бархезад.
Рама хуфтаст, ҳаме гардад гург аз чапу рост,
Саги мо бонг барорад, ки шубон бархезад.
Ман гумонам, ту аён, пеши ту ман маҳв беҳам,
Чун аён ҷилва кунад чеҳра, гумон бархезад.
Ҳин, хамӯш, дил пинҳон аст. Куҷо? Зери забон,
Ошкоро шавад ин дил, чу забон бархезад.
Ин муҷоботи Муҷир аст дар он қитъа, ки гуфт:
«Бар сари кӯи ту ақл аз сари ҷон бархезад».

Бори дигар ёри мо ҳанбоз кард,
Андак-андак хӯй аз мо боз кард.
Макрҳои душманон дар гӯш кард,
Чашми худ бар ёри дигар боз кард.
Ҳар дам аз ҷавраш дил орад нав хабар,
Ғам дили тарсандаро ғаммоз кард.
Рӯ туруш кардан бари мо пеша сохт,
Як баҳона ҷусту даст ангоз кард.
Ай дареғо, рози мо бо ҳамдигар,
К-ӯ дигар касро чунин ҳамроз кард.
Ай дил, аз сар сабрро оғоз кун,
З-он ки дилбар ҷаврро оғоз кард.
Ақл гӯяд, к-ин бадандешӣ макун,
Ӯ аз они мост, бар мо ноз кард.
Медиҳад маҳ чун Салоҳуддин зиё,
К-арғунунро Зуҳраи ҷон соз кард.

Андак-андак ҷамъи мастон мерасанд,
Андак-андак майпарастон мерасанд.
Дилнавозон ноз-нозон дар раҳанд,
Гулъизорон аз гулистон мерасанд.
Андак-андак з-ин ҷаҳони ҳасту нест
Нестон рафтанд, ҳастон мерасанд.
Ҷумла доманҳои пурзар ҳамчу кон
Аз барои тангдастон мерасанд.
Лоғарони хаста аз маръои ишқ,
Фарбиҳону танпарастон мерасанд.
Ҷони покон чун шуъои офтоб
Аз чунон боло ба пастон мерасанд.
Хуррам он боғе, ки баҳри марямон
Меваҳои нав зимистон мерасанд.
Аслашон лутф асту ҳам вогашти лутф,
Ҳам зи бустон сӯи бустон мерасанд.

Ҳар замон лутфат ҳаме дар пай расад
В-арна касро ин тақозо кай расад?
Масти ишқам дор доим бехумор,
Ман нахоҳам мастие, к-аз май расад.
Мо наистонему ишқаш оташест,
Мунтазир, к-он оташ андар най расад.
Ин найистон об з-оташ мехурад,
Тоза гардад з-оташе, к-аз вай расад.
То абад аз дӯст сабзу тозаем,
Ӯ баҳоре нест, к-ӯро дай расад.
Ло шавем аз куллу шайъин ҳолику,
Чун ҳалоку офат андар шай расад.
Ҳар кӣ ӯ ночиз шуд, ӯ чиз шуд,
Ҳар кӣ мурд аз кибр, ӯ дар ҳай расад.

пешина
аз 71
навбатӣ