Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз офтоби муштаъил ҳар дам нидо ояд ба дил,
Ту шамъи ин сарро биҳил, то боз шамъат сар занад.
Ту хидмати ҷонон кунӣ, сарро чаро пинҳон кунӣ?
Зар ҳар даме хуштар шавад аз захм, к-он заргар занад.
Дил бехуд аз бодай азал мегуфт хуш-хуш ин ғазал,
Гар ме фурӯ гирад дамаш, ин дам аз ин хуштар занад.

Масте саломат мекунад, пинҳон паёмат мекунад,
Он, к-ӯ дилашро бурдаӣ, ҷон ҳам ғуломат мекунад.
Ай нест карда ҳастро, бишнав саломи мастро,
Масте, ки ҳар ду дастро побанди домат мекунад.
Ай осмони ошиқон, ай ҷони ҷони ошиқон,
Ҳуснат миёни ошиқон нак дӯсткомат мекунад.
Ай чошнии ҳар лабе, ай қиблаи ҳар мазҳабе,
Маҳ посбонӣ ҳар шабе бар гирди бомат мекунад.
Он, к-ӯ зи хок абдон кунад, мар дудро Кайвон кунад,
Ай хоки тан в-ай дуди дил, бингар кадомат мекунад.
Як лаҳзаат пар медиҳад, як лаҳза лангар медиҳад,
Як лаҳза субҳат мекунад, як лаҳза шомат мекунад.
Як лаҳза меларзонадат, як лаҳза механдонадат,
Як лаҳза муштат мекунад, як лаҳза ҷомат мекунад.
Чун муҳраӣ дар дасти ӯ, гаҳ бодаву гаҳ масти ӯ,
Ин муҳраатро бишканад, валлаҳ, тамомат мекунад.
Гаҳ он бувад, гаҳ ин бувад, поёни ту тамкин бувад,
Лекин бар ин талвинҳо мақбулу ромат мекунад.
Ту Нӯҳ будӣ муддате, будат қадам дар шиддате,
Монандаи киштӣ кунун бе пову гомат мекунанд.
Хомуш куну ҳайрон нишин, ҳайрони ҳайратофарин,
Пухтасухан мардӣ, вале гуфторхомат мекунад.

Бе ту ба сар менашавад, бо дигаре менашавад,
Ҳар чӣ кунам, ишқ баён бе ҷигаре менашавад.

Ашк давон ҳар саҳаре аз дилам орад хабаре,
Ҳеч касеро зи дилам худ хабаре менашавад.
Як сари мӯ аз ғами ту нест, ки андар тани ман
Оби ҳаёте надиҳад, ё гуҳаре менашавад.
Ай ғами ту роҳати ҷон, чистат ин ҷумла фиғон?
То назанам бонгу фиғон, худ ҳашаре менашавад.
Майли ту сӯи ҳашар аст, пешаи ту шӯру шар аст,
Бе раҳу рои ту, шаҳо, раҳгузаре менашавад.
Чист ҳашар? Аз худи худ рафтани ҷонҳо ба сафар,
Мурғ чу дар байзаи худ болу паре менашавад.
Бист чу хуршед агар тобад андар шаби ман,
То ту қадам дарнаниҳӣ, худ саҳаре менашавад.
Донаи дил коштаӣ, зери чунин обу гиле,
То ба баҳорат нарасад, ӯ шаҷаре менашавад.
Дар ғазалам ҷабру қадар ҳаст, аз ин ду бигузар,
З-он ки аз ин баҳс ба ҷуз шӯру шаре менашавад.

Ҳин, сухани тоза бигӯ, то ду ҷаҳон тоза шавад,
Вораҳад аз ҳадди ҷаҳон, бе ҳаду андоза шавад.
Хоки сияҳ бар сари ӯ, к-аз дами ту тоза нашуд,
Ё ҳамагӣ ранг шавад, ё ҳама овоза шавад.
Ҳар кӣ шудат ҳалқаи дар, зуд барад ҳуққаи зар,
Хоса, ки дар боз кунӣ, маҳрами дарвоза шавад.
Об чӣ донист, ки ӯ гавҳари гӯянда шавад,
Хок чӣ донист, ки ӯ ғамзаи ғаммоза шавад.
Рӯи касе сурх нашуд бе мадади лаъли лабат,
Бе ту агар сурх бувад, аз асари ғоза шавад.
Ноқаи Солиҳ чу зи куҳ зод, яқин гашт маро,
Кӯҳ пайи муждаи ту уштури ҷаммоза шавад.
Роз ниҳон дору хамуш в-ар хамушӣ талх бувад,
Он чи ҷигарсӯз бувад, боз ҷигарсоза шавад.

Об занед роҳро, ҳин, ки нигор мерасад,
Мужда диҳед боғро, бӯйи баҳор мерасад.

пешина
аз 71
навбатӣ