Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Ай дили Маҷнуну аз Маҷнун батар
Мардию мардона кардӣ оқибат.
Косаи сар аз ту пур, аз ту тиҳӣ,
Косаро паймона кардӣ оқибат.
Ҷони ҷондорони саркашро ба илм
Ошиқи ҷонона кардӣ оқибат.
Шамси Табрезӣ, ки мар ҳар зарраро
Равшану фарзона кардӣ оқибат.
Ҳам ба бар ин бути зебо хушак аст,
Ман нишастам, ки ҳамин ҷо хушак аст.
Мутрибу ёри ману шамъу шароб,
Инчунин айши муҳайё хушак аст,
Ману ту ҳеҷ аз ин ҷо наравем,
Паҳлуи шаккару ҳалво хушак аст,
Хиҷил аст аз рухи ёрам гули тар,
Бо чунин чеҳраву симо хушак аст.
Ҳар сабоҳе зи ҷамолаш мастем,
Хоса имрӯз, ки бо мо хушак аст.
Биҷаҳам, ҳалқаи зулфаш гирам,
Ки дар он ҳалқа тамошо хушак аст.
Шамси Табрез, ки нури дилҳост,
Доимо бо гули раъно хушак аст.
Ҳар кӣ болост, мар ӯро чӣ ғам аст?
Ҳар кӣ он ҷост, мар ӯро чӣ ғам аст?
Ки аз ин сӯ ҳама ҷон асту ҳаёт,
Ки аз ин сӯ ҳама лутфу карам аст.
Худ аз ин сӯ, ки на сӯясту на ҷо,
Қадам андар қадам андар қадам аст,
Ин адам худ чӣ муборак ҷойест,
Ки мададҳои вуҷуд аз адам аст.
Ҳама дилҳо нигарон сӯи адам,
Ин адам нест, ки боғи Ирам аст.
Ин ҳама лашкари андешаи дил
Зи сипоҳони адам як алам аст.
Зи ту то ғайб ҳазорон сол аст,
Чу равӣ аз раҳи дил, як қадам аст.
Ҳар ҷавр, к-аз ту ояд, бар худ ниҳам ғаромат,
Ҷурми турову худро бар худ ниҳам тамомат.
Ай моҳрӯй, аз ту сад ҷавр агар биёяд,
Танро бувад чу хилъат, ҷонро бувад саломат.
Ҳар кас зи ҷумла олам аз ту насиб доранд,
Ишқи ту шуд насибам, аҳсант, ай каромат!
Гаҳ ҷом маст гардад аз лаззати майи ту,
Гаҳ май ба ҷӯш ояд аз чошнии ҷомат.
Маънӣ ба саҷда ояд, чун сурати ту бинад,
Ҳар ҳарф рақс орад, чун бишнавад каломат.
Ошиқ чу масттар шуд, бар вай маломат ояд,
Зеро ки нуқли ин май набвад ба ҷуз маломат.
Имрӯз шаҳри моро сад равнақ асту ҷон аст,
Зеро ки шоҳи хубон имрӯз дар миён аст.
Ҳайрон чаро набошад, хандон чаро набошад
Шаҳре, ки дар миёнаш он сорими* замон аст.
Он офтоби хубӣ чун бар замин битобад,
Он дам замини хокӣ беҳтар зи осмон аст.
Бар чархи сабзпӯшон пар мезананд, яъне
Султону хусрави мо он асту сад чунон аст.
Ай ҷони ҷони ҷонон, аз мо салом бархон,
Раҳм ор бар заъифон, ишқи ту беамон аст.
Чун сабзу хуш набошад олам, чу ту баҳоре,
Чун эминӣ набошад, чун шер посбон аст.
Чун кӯфт ӯ дари дил, ноомада ба манзил,
Донист ҷон зи бӯяш, к-он ёри меҳрубон аст.
Он, к-ӯ кашид дастат, ӯ офарида астат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор