Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Хобам аз дида чунон рафт, ки ҳаргиз н-ояд,
Хоби ман заҳри фироқи ту бинӯшиду бимурд!
«Пас, муҳаррики Мавлоно дар баёни асрор (ҳамон «кашфи асрори вусулу яқин», ки дар муқаддимаи «Дафтари аввал»-и «Маснавӣ» таъкид ёфтааст – А.Р.) ишқ ё маъшуқ бувад, ки ин ҳар ду бо Ҳақ ягонаанд. Ин шеъру навойи рӯҳангез, ки аз гулӯйи вай бармеояд, аз ӯ нест, балки ишқ ё маъшуқ аст, ки ба забони ӯ сухан мегӯяду бар пардаҳои гулӯяш оҳанги шарарбор мерезад» (Бадеъуззамони Фурӯзонфар):
Мо табъи ишқ дорем, пинҳони ошкорем,
Дар шаҳри ишқ пинҳон, дар кӯйи ишқ фошем!
Аслан, мутобиқи қавонину муқаррароти собити адабӣ, шоъир бояд дар ибтидо мазмуни дилангезеву сипас вазни муносиберо интихоб кунаду баъдан аз дунболи қофия бошад. Аммо равиши кори Ҷалолуддини Румӣ, чунон ки қаблан ишора рафт, чунин будааст, ки шабҳои симоъ ба даври сутуне дар манзилаш ё дар толори бошукӯҳи парвонаи вазири аъзам Кайқубоди Салҷуқӣ мечархиду дар ҳоли хуши ваҷду ҷазаба ва муҳити пурҷӯши мусиқиву дастафшониву пойкӯбӣ ғазал мегуфту месуруд.
Ғазалиёти Мавлоноро, ки дар нусхаҳои гуногун мураккабу мураттаб аз қариби 50 000 байтанду дар «Девони Шамси Табрезӣ» (маъруф ба «Девони Кабир») фароҳам омадаанд, аз лиҳози мазомину маъонӣ метавон ба тартиби зерин таснифу табақабандӣ намуд:
-
Ғазалҳое, ки ишқу муҳаббати сӯзони байни инсонҳо – мардону занонро меситоянд.
-
Ғазалҳое, ки таълимоти пурпечутоби ирфонии муаллиф ва ишқу алоқаи рӯҳонии сӯфиёнаро нисбат ба Худо тараннум мекунанд.
-
Ғазалҳое, ки муҳаббату садоқати шахсии Мавлоноро нисбат ба ёру дӯстон ва муршиду муридонаш ифода месозанд.
-
Ғазалҳое, ки фикру андешаҳои умумиинсонии башардӯстона ва панду ҳикмати ибратомӯзи мактаби рӯзгори нотакрори Мавлоноро таҷассум менамоянд.
-
Ғазалҳое, ки дар онҳо Мавлоно нақсу қубҳи замонаву ҳамзамононашро мавриди танзу танқиди шадид қарор медиҳад.
Ҳаҷман агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ҳудуди 60 000 байт бошад, маҷмӯъи ашъори Мавлоно бештар аз 70 000 байт аст. Танҳо ғазалиёти ӯ дар боби ҳарфи «йо» 800 ғазал, яъне, тақрибан муъодили ғазалиёти Саъдиву ду баробари ғазалиёти Ҳофизанд, ки шоҳиди дигари табъи саршору вусъати афкору дили беқарори ҳазордастони балхистанд.
Мавлоно дар 55 вазни мухталиф ғазал офаридааст, ки дар шеъру адаби деринасоли форсии дарии тоҷикӣ ҳеч як аз шуъаро натавониста, ки ба ин андоза тавсиъа дар авзони (вазну баҳрҳои арӯз)-и ғазал дода бошад, он ҳам авзони матруке, ки дар шеъри қадими тоҷикии форсӣ вуҷуд доштаву баъдан аз гардиш баромадаанд.
Тамоми чунин авзонро даҳои Мавлоно мухтариъ будааст, ки биҳтар аз авзони маъмула (анъанавӣ, мавриди истифода, маъмулӣ – А.Р.) воқиъ афтодаанд» («Ёдномаи Мавлавӣ», Интишороти ЮНЕСКО дар Эрон, саҳ.156).
Аз гуфтаи Атоуллоҳи Тадайюн, «дарозии ғазалҳои «Девони Шамс», ки гоҳе (аз се – А.Р.) то чиҳил ва, ҳатто, ба шаст байт мерасад (дар сурате, ки барои ғазал ҳадди мутавассите, ки таъйин кардаанду аз он таҷовуз наметавон кард, дар ҳудуди понздаҳ байт аст), ношӣ (пайдошуда – А.Р.) аз ин зарурат мебошад, ки «дар хароботи дилаш андешаҳост». Ин андешаҳо, ки «дарҳам афтода чу мастон», бидуни риъояти таносуб, дар абёти ғазал зоҳир мешаванд ва худ ин хуруҷ (берунравӣ – А.Р.) аз меъёри мутаъорифу маълуф (маъмуливу одатӣ – А.Р.) ба ғазал хосияти манотиқи ваҳшиву кӯҳистоние медиҳад, ки танаввуъи манозир (гуногунии манзараҳои тасвиршаванда – А.Р.)-у гуногунии мутаволӣ (пайдарҳамӣ, дарозо – А.Р.)-и табиъат намегузорад малоли якнавохтӣ (якрангӣ – А.Р.) ба ҷони кунҷкови мо роҳ ёбад. Гӯйӣ, вазну қофия (дар ғазалиёти «Девони Шамс» – А.Р.) сарошебест, ки Мавлоно наметавонад худро дар он нигоҳ дорад ё шавқи асҳобу ҳавориюн (дӯстону шогирдон – А.Р.) ба нӯшидани шароби рӯҳонии ӯ вайро ба гуфтан мекашонад:
Ту даҳонро чу бибандӣ, хамӯширо биписандӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор