Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба сухангӯйи телевизиони
тоҷик Саёҳат Неъматова

Туйӣ он маҳи нав, ки чун рух намойӣ,
Зи ҳар гӯша дасти дуое барояд.
Ҳилолӣ

…Гулбоғи атрафшони дил,
хуррамбаҳори ҷони дил,
Пайғоми дил, султони дил, ай дил,
ба сад дил меравӣ.

Шоҳинаи мулки назар, з-ойинаи нилӣ нигар,
Шамсӣ, надонам ё қамар?
Манзил ба манзил меравӣ.

Ай мавҷи симин, арз кун,
дар марзи тоҷик варз кун,
Авҷи Сурайё тарз кун, нашкаста соҳил меравӣ,

Ай лафзи ширини дарӣ, ҳусне туро ҳусни парӣ,
Лаъли ту лаъли шаккарӣ, гоҳе ки қоил меравӣ.

Фанну зако буномада, дидам тавозун омада,
Маҷнуни мафтун омада, Лайлошамоил меравӣ.

Тӯтии ҳиндӣ дар сухан, оҳанги гуфторат қашанг,
Ҳини такаллум заййи ман савти балобил меравӣ.

Донам, ки чандин дилситон
сайри Саёҳат меравад,
Дилхаста ҳам дил-дилкунон
бо ин салосил меравӣ.

Ҳам дидаву дил пешбар,
ҳам ҷоҳу манзил пешбар,
Вақте ки бо аҳли назар,
ай сарви хушгил, меравӣ.

Назми Аҷам шаҳд асту қанд,
духти Аҷамро меписанд,
Бошад, Аҷамрод, ин паранд
баҳри ту ҳосил меравӣ!..

ш. Душанбе,
28. 03. 1996.

ДЕВОНИ ДИЛ

Зи абёте, ки андар мазраат ҷамъоварӣ кардам,
Суҳуфе бастаму «Девони дил» номоварӣ кардам.

Чу байти аввалин савганд дар боби муҳаббат буд,
Ба зар бинвиштаму бар ишқи покат боварӣ кардам.

Ба майдони садоқат лоъибини беадад дидам,
Чу нақши хеш бозидӣ, бароят доварӣ кардам.

Ту моро бо ману мо ошно кардиву беминнат
Ба ғафлатрафтаи ноошно хунёгарӣ кардам.

Зи бас ту шоҳи шоҳонӣ, аё пайванди беҳамто,
Парастишхонаат бигзида, умре чокарӣ кардам.

Маорифпарварӣ омӯхтам дар мактабат, ай ҷон,
Фақирону гадойи бенаворо ёварӣ кардам…

Муфаззал, кишвари ишқат тамошогоҳи олам шуд,
Ба оҳанги дилам бо мағрибиҳо ховарӣ кардам!

ДАРДЕ, КИ СӮХТ МОРО…

Дарде, ки сӯхт моро, дарди басар набошад,
Оҳе, ки аз дил омад, пайки зафар набошад.

Ин дарди ишқи ёр аст, тоқат куҷо биёрем,
З-ин сӯзи ҷонгудозӣ ӯро хабар набошад.

Тарсам, ки рӯзи фардо исторагон бисӯзанд,
Солест шоми моро, боре саҳар набошад.

Бар аҳли рӯзгорон омад гулу баҳорон,
Лек аз баҳори шодӣ моро хабар набошад.

Ай ҷумла хайрхоҳон, олам назаррабо шуд,
Ҳайфи назаррабоён, моро назар набошад.

Дар сина занги доғаш, дар дидаҳо суроғаш,
Аз раҳгузори боғаш боре гузар набошад.

Ҳам боламу наболам, ҳам ноламу нанолам,
Он боли орзуро кам болу пар набошад.

Дар фурқати висолаш аз ақл бенасибам,
Баҳри Муфаззали мо ин беасар набошад!

пешина
аз 32
навбатӣ