Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

МУАММОЙИ ИШҚ

Ёри ҷонона буданам мушкил,
Дарди ишқаш суруданам мушкил.

Шаб ҳама бо хаёли рӯйи маҳаш
То саҳаргаҳ ғунуданам мушкил.

Лаб ба сурат-ш мезанам ҳар дам,
Лаб ба лабҳош суданам мушкил.

Ӯ, ки шоҳи ман асту ман банда,
Чокари ӯ набуданам мушкил!

Рӯбарӯям дари дилаш барбаст,
Ин муаммо кушуданам мушкил.

Оҳ аз ин рӯзгори беҳосил,
Ҳосили ӯ рабуданам мушкил!

Мушкилиҳост ин чигилро бас,
Ҷумла мушкил шунуданам мушкил.

Кошки менаёмадам ба ҷаҳон,
Одамизода буданам мушкил!

Ман Муфаззал наям, кӣ медонад,
Ҳам Муфаззал набуданам мушкил?!

КАНОР АЗ РӮЮ АЗ КӮЯТ…

Канор аз рӯю аз кӯят фитодам,
Канор аз хулқи некӯят фитодам.

Чӣ дардеву балое буд, к-охир
Ба баҳри ишқи ҷодуят фитодам?!

Шабон болини хеш оғӯш гирам,
Ки гӯё ман ба паҳлӯят фитодам.

Шукуфо бомдод омад ба номат,
Ба ёди нози дилҷӯят фитодам.

Ҳаме дурдона резад абри гардун,
Зи дида баски лӯълӯят фитодам.

Чаро, ай ошнойи лоуболӣ,
Муфаззал будаму сӯят фитодам?!

Дигар ҳаргиз нахезам то қиёмат,
Ки ман аз тоқи абрӯят фитодам!

КУЛФАТИ ҶОНАМ НАДОНАД…

Кулфати ҷонам надонад ҷуз сари танҳойи ман,
Зулмати айшам надонад ҷуз шаби ялдойи ман.

Хотири ошуфтаам ҳаргиз насозад хотире,
Ғайри он хотир, ки бошад хотири яктойи ман.

Ғарқи армон андаруни сина дил хун гаштааст,
Кай бибӯсад ғунчаи лабҳои ту лабҳойи ман?

Бо нишоти орзу сайри басотин меравам,
Қомати сарват нашуд дар зиндагӣ ҳампойи ман!

Лутф бинмову биёю манзилам обод кун,
Байни мардум хам нагардад то сари болойи ман!

Осмон бо моҳу хуршедаш маломат мекунад
Ин сари шӯридаро, ай моҳи нурафшойи ман!

Бошад, охир, ҳамнишину ҳамдами розам шавӣ,
То ба кай бошад ба бозори сияҳ савдойи ман?

Ай Муфаззал, бо ғами узлат дилат шодоб кун,
Бас ҳамин инъомҳош аз давлату дунёи ман!

ш. Брест, Русияи сафед,
23. 10. 1985.

ДАР КАНОРИ БАҲОРАТ…

Дар канори чу баҳорат, ки хушам меояд,
Бас баҳорест, ки хуррам зи баҳорони дигар.
Ҳаваси айши мудому тарабам меояд,
Чу на авлост бароям ҳавасе болотар.

Интихобам зи бидоят ту будӣ, танҳо ту,
Ман ба олам фақат аз хотири ту омадаам.
Ҳама роҳам ба ҳидоят ту будӣ, танҳо ту,
Ғойибӣ буда, чунин ҳозири ту омадаам.

Дар паси панҷараи додаму додам бо туст,
Тоири қудсаму дар доми бало афтода!
Ёдат ояд магар, ай ёд, ки ёдам бо туст,
Бин, чӣ ҳолест маро, аз ту ҷудо афтода!

Чархи гардон, ки чунин кард маро саргардон,
Ман чунин гардиши паргор нахоҳам ба касе.
Будам аз ҷумлаи соҳибназарони даврон,
Ҳолиё ғамзадаву ҳамдами ҳар хору хасе!

пешина
аз 32
навбатӣ