Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
ОШИҚОНА
Шеър зодаи ишқи набавист, ки бо салоҳи холиқ дар шарёнҳо аз азал ҷорист ва ба тобдорӣ булӯрро монаду ба ҳеҷ гуна ранге наёмезад, сафо биёрад ба равонҳо аз алвони тароват…
ТУ БАҲОРИ МУШКБЕЗӢ…
Ту баҳори мушкбезӣ, ба баҳори ту бимирам,
Ту замини лолахезӣ, ба ҳазори ту бимирам!
Ба қаламрави ҷаҳонам зи ту хубтар касе нест,
Ту биҳишти атрбезӣ, ба диёри ту бимирам!
Ту набиди ҷонфизоӣ ба шароби нӯши лаълат,
Ту мусаккириву тезӣ, ба хумори ту бимирам!
Ту ғизоли хушхиромӣ, ману хилвати камандат,
Ту чаро зи ман гурезӣ, ба шикори ту бимирам?!
Ҳама инсу ҷинси олам ба суҷуди ман биёяд,
Ту вале ба ман ситезӣ, ба виқори ту бимирам!
Зи фишори сад фишорат ба фишори дил чӣ ҳоҷат,
Ту давойи ҷумла чизӣ, ба фишори ту бимирам!
Зи таомули азизе чу Муфаззалат набирҳо,
Ту азизи ҷони ҷонӣ, ба канори ту бимирам!
ш. Ҳанновер, Олмон.
16.05.2000.
ДИЛБАРО, МАҲИ РӮЯТ…
Дилбаро, маҳи рӯят бандаро писанд омад,
Бахти вожгунамро маснаде баланд омад.
Байти абрувонатро хондаму ба дил гуфтам,
Дар баёзи девонам шеъри дилписанд омад.
Ҳалқаи ду чашмонат ҳалқаи дарам бикшуд,
Чун атойи раббонӣ баҳри дардманд омад.
Раҳфитодае будам, соили навоҷӯе,
Омад-омадат гардам, шоҳи арҷманд омад!
Хайрбодам илқо кард яъсу ноумедиҳо,
Мулки пуршикасти дил бо ту бегазанд омад.
Накҳати ту бишнидам, бӯйи гул зи ёдам рафт,
Ҳаббазо чунин накҳат, накҳати сипанд омад!
Ай зи ангабин ширин, то абад маро бигзин,
Ҳоҷии Муфаззал бин, Албурузи қанд омад!
ш. Мадинаи мунаввара,
Саудия, 18.12.2006.
АЗ РӮЗГОР ПУРСЕД!
Аҳволи қалби зорам аз рӯзгор пурсед,
Лӯълӯи дидаҳоям аз обшор пурсед!
Савту навойи созам савту навойи нур аст,
Розаш зи ранги субҳу завқи ҳазор пурсед!
Бошад, ки охир ояд ин сардии зимистон,
Дар сардии зимистон аз навбаҳор пурсед!
Ҳайфо, ки барканорам аз бекарона дунё,
Дунёи беканорам аз он канор пурсед!
Боре ба ёр гуфтам сирри дилам ниҳонӣ,
Шарманда гаштам охир, аз ёри ёр пурсед!
То нашканад хуморам, ҳарфе ба кас нагӯям,
Садҳо рақам суханро баъди хумор пурсед!
Як бандаи Худоям, аз оли Мустафоям,
Қурбони раҳнамоям, аз Кирдигор пурсед!
Ман дӯст менадорам мардони зулҷаҳолат,
Тафсири шеъри моро аз шаҳсувор пурсед!
Хоҳад Муфаззал ин дам дасти дуои ёрон,
Аз холиқи тавоно ҳусни барор пурсед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор