Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳамин бобат он бузургвор хеле оддӣ, вале бо самимият овардааст: Соиб, сухани сабз бувад зиндаи ҷовид…
Боқӣ ҳамаи суханони дигар низ ба худ муносиб ранге доранд, вале бо сабаби камаҳмият будани масъала, дар ин хусус мулоҳиза ронданро ҷоиз намедонам. Танҳо хотиррасон месозам, ки ба суханони нилӣ (кабудранг) кулли ҳазлу шӯхиҳойи мақбул ва ба зард акси ин мафҳумҳо – яъне номақбул: дӯғу пӯписа, дашному таҳқирҳо, алфози подарҳавою бемаънӣ ва ғайра мансубанд…
Ва ахиран, ин панди бандаи камтарину хокироҳро ба ҳеҷ ваҷҳ сарфи назар макун, ки шарҳи сухан бештар аст аз сухан! Ҳар таълифоте, ки фарогири суханони сафедрангу сурх ва ё зиёда аз ин, сурхи назаррабову сабз бошад, тавре бузургон фармудаанд, ҳатман азбар бинмой,

То шавад ганҷи маъонӣ синаат,
Ғарқи нури маърифат ойинаат!..

Дар ин сурат, бешак, моҳияти одаму оламро дарёбӣ, хештан ва ҷаҳонофарин бишносӣ ва сипосгузор бошӣ ба халлоқи ҳастӣ, ки туро низ дар қатори дигарон сухангӯ халқ кардааст…
– Худованд ба Шумо зиёдтар аз ин лутф ато фармояд, устоди арҷманд!


– Устоди гиромӣ! Чаро забонро рукни асосии миллат гӯянд? – суол кард шогирд.
– Офарин, шогирди азиз! Ин суолат низ ба ман писанд аст, – посух дод Хирадманд ва афзуд: – ҳар он чӣ ба ту қаблан дар боби сухан гуфта будам ба ҳамин суолат алоқамандии ногусастанӣ дорад, зеро модари сухан забон бошад. Соҳибони забонро миллат гӯянд ва ҳастии миллат забони миллат аст! Яъне агар миллат забони худро надошта бошад, онро ба ҳеҷ ваҷҳ миллат намеҳисобанд.
Бинобар ҳамин, забони миллии мо – забони тоҷикӣ, аз ҳамаи дигар нишонаҳо дида, нишони дараҷаи аввали миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Бо дороии забони миллӣ, ин халқи куҳанбунёди ориёнажод соҳибдавлат ва соҳибватан аст, ки онро Тоҷикистон ном аст!
Зиёда аз ин, забони тоҷикӣ, бидуни ягон шакку шубҳа, баҳри ману мо, аҷдодону ҳафт пуштамон, ҳазорон-ҳазор пушти ниёгонамон, ҳозирону ояндагони мо азизтарини азизҳо ва муқаддастарини муқаддасот, волотарин дороиву сарват, олитарин тахту давлат, ширинтарин шаҳду неъмат буду ҳаст ва хоҳад монд!
Ана, барои ҳамин забонро рукн, ё худ шоҳсутуни асосии миллат меноманд.

пешина
аз 32
навбатӣ