Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Сухан на танҳо ранг, балки ҷон, қимат, таъм, вазн, қудрат ва дигар хосиятҳоро дорост дар зиндагӣ. Аз ҳамин ҷост, ки дар мавридҳойи гуногун «сухани рангин», «сухани пурҳикмат», «сухани ҷонофарин», «сухани қиматбаҳо», «сухани шаҳдбор», «сухани оташин», «сухани гарон», «сухани матин» ва ғайра гӯянд. Вале баройи гуфтани ин рақам суханони ноб ҳар касро набошад истеъдод, зеро на ҳар кас сазои сухан гуфтан аст! Ба қавли Ҳаким Низомӣ ҳатто устодони сухан низ дар офариниши сухани пурғановат бисёр эҳтиёткор ҳастанд:

Сухан гавҳар бувад, гӯянда ғаввос,
Ба сахтӣ дар каф ояд гавҳари хос!
Зи гавҳар суфтан устодон ҳаросанд,
Ки қиматмандии гавҳар шиносанд…

Акнун дар хусуси ранги сухан бояд бигӯям, ки он ба ҳайси моддаи калом поку беолоиш аст, вале дар ҳолати истифода бо иртиботи тамоюлпазирии маъноӣ, метавонад тобишҳои гуногун, аз қабили: сиёҳ, жожгун, сафед, сурх, сабз ва ғайраро бигирад. Дурусттараш шахси мутакаллим мувофиқи малакаву маҳорат ва донишу санъати хеш суханро бо чунин рангҳо музайян месозад, ки аз он ҳам ҷилваи сурат ва ҳам ҷавҳари маънӣ ҳувайдо мегардад. Сипас сомеъ бо дарки чашми хирад суханро дар либоси дижам (пероста) ва ё нажанд (фартут) дармеёбад. Агар гӯянда дар лафзи хеш калимот, мафоҳим ва таъбирҳои манфӣ ва ё пардапӯши рӯҳшикану яъсангезро ба кор андозад, аз ду сар фарде ва ё анҷуманеро тирадил бисозад ва ба кӯйи номуродиҳо раҳнамун бигардонад. Дар ин маврид кулли суханони ӯ ба ранги сиёҳ биёянд. Пас шунаванда бупиндорад, ки болотар аз сиёҳӣ ранги дигар набошад… ва таассурот аз шунидаҳо ӯро мекашад ҳар ҷо, ки хотирҳо барад…
Суханони жожгун аз рӯйи хосият ба ҷумлаи суханони рангашон сиёҳ қаробат доранд. Афроди ҳушёр донанд, ки билохир аз чунин суханон бало хезад. Биноан, ҳамеша мекӯшанд, то аз жожхойӣ (ҳарзагӯйӣ) бупарҳезанд. Ин рақам суханонро соҳирон, ҷодугарон, фолбинон, муллотарошони риёкор, дуздон ва дигар ашхоси нопок истифода мебаранд ва одамони гӯлу бемаърифатро ба доми тазвир кашида, аз эшон ба ҳар восита баҳра мебардоранд. Ин зумра қаллобон – ҳама гӯяндаи фисқу фуҷуранд ва чун подоши корҳои носавобашон аз ҷониби ҷамъият лаънат бигиранд. Худованд низ эшонро дӯст надорад ва дар фарҷом аз аҳли дӯзах бошанд.

пешина
аз 32
навбатӣ