Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

АдабиётШеърҒазал
Аз аввал хондан

ҳама охирини ба висол расидани ошиқро бозгӯ кунад ва масъала ҳалли худро ёбад. Аммо Худованд ба хотири пойдории ишқ зинҳор ин амалро ба ҷо наоварад, зеро ӯ низ дӯстдори худро дӯст медорад…
– Устоди мӯҳтарам, агар аз як байти Хоҷа ин қадар маънии бикр ояд, як ғазалаш чӣ рақам мӯҳтаво дошта бошад-а?
– Мошо аллоҳ, он чӣ шарҳи ин байт ба ту гуфтам, хеле мухтасар буд. Ҳофизро лисонулғайб гӯянд, рафту ҳар ғазали Хоҷаро тафсир намоем, як китоб, балки сад китоб маънӣ барояд. Бинобар ҳамин: чун ба фаҳми ҳамаи ғазалиёти он ҳазрат бирасӣ, шабоҳат ба он дорад, ки ҳазорон китоб хондаиву мазмун азбар ҳаст туро. Тавре ки ӯ худ таъкид кардааст: «илмат ба фарёд бирасад…» ва умре пайваста шоду масрур бошӣ:

Ба шеъри Ҳофизи Шероз
мерақсанду менозанд
Сияҳчашмони кашмириву
туркони самарқандӣ.


Боре гузори Хирадманд ба растаи тиллофурӯшон афтод. Вориди дӯконе гардид мӯҳташам ва фураймон аз муҷавҳарот. Рӯйи яке аз рафҳо лавҳе дарёфт, ки дар он бо ҳуруфи заррин мисраи «Ҷаҳд кун дил зинда гардад, тан чӣ оройӣ ба зар!» сабт гардида. Тиллофурӯш дар кунҷе нишаста буду машғул ба китобхонӣ. Хирадманд аз ин тазод мутаҳаййир гашт ва зери лаб ба худ гуфт: «Ихтилоф аст дар ин сурату кор?!»
Чун тиллофурӯш ин сухан бишнид, ба Хирадманд рӯй оварду гуфт:
– Хоҳишмандам, ҳар ихтилоф, ки ин ҷо дидӣ, ба ман бозгӯй.
Хирадманд фармуд:
– Ин мисраи олӣ, ки рӯйи лавҳ навиштаӣ ва ин тиловате, ки дорӣ, хилоф бар тааллуқи дӯкону амалат аст.
– Оре, оре, – гуфт тиллофурӯш, – қурбони аҳли фаҳмам. Ин мулоҳиза, ки ту фармудӣ, касе аз муштариён қаблан раво надид бароям. Ва ман дар ин боб чунин лутфе мақбул аз касе нашунидаам. Ин хирмани зару зевар, ки мебинӣ, ҳама моли ман аст, вале аз он кайфияте набарам, ки аз китоб мебарам. Лизо ҳамин мисраъ ҷиҳати таскини дил навишта кардам ва мустадом китоб хонам, зеро бузургон «фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гуфтаанд.
Хирадманд аз ин ҷавоби тиллофурӯш муқтанеъ гашту афзуд:

На донотар он кас, ки волотар аст,
Ки волотар он кас, ки донотар аст…

Тиллофурӯш дар ғояти сурур ба Хирадманд камари заррин бахшид ва ҳар ду ба минбаъд миёни ҳам аҳди дӯстӣ бастанд.


– Устод, авлотар ва муқаддамтар аз ҳама барои одам чист?
– Сараввал «кист»-ашро медонистӣ, беҳтар мебуд.
– Хайр, бубахшед, «кист»-ашро гӯед.
– Пас аз бузургдошти ҷаҳонофарин авлотар ва муқаддамтар аз ҳама барои одам модар аст:

Донӣ, ки чӣ гуфт Ҳақтаъоло:
«Он кун, ки ризойи мо дар он аст!
Бо модари худ адаб нигаҳ дор,
Зеро ки ризойи мо дар он аст!
Ҷаннат, ки саройи ҷовидонист,
Зери кафи пойи модарон аст!
Хоҳӣ, ки ризойи ҳақ биҷӯйӣ,
Он кун, ки ризойи мо дар он аст!».

– Акнун «чист»-ашро бигӯед.
– «Чист»-аш, қабл аз ҳама, шараф бошад, зеро

пешина
аз 32
навбатӣ