Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

АдабиётШеърҒазал
Аз аввал хондан

Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст!
Ба гуфтори пайғамбарат роҳ ҷӯй,
Дил аз тирагиҳо бад-он об шӯй!


– Устод, таъбири «Дар ҳайратам зи дӯст, ки қотил намекунад»-ро чӣ гуна бояд бифаҳмем?
– Ҳамон тавре, ки ҳаст. «Дар либоси дӯст бо ту кори душман мекунад», – овард дар посух Хирадманд.


– Устод, одамон ба чанд минволанд? – суол кард шогирд аз Хирадманд.
– Ба чаҳор минвол, – ҷавоб дод Хирадманд, – нотавон, тавоно, бузург ва нохалаф.
– Ин чаҳор тоифа, ки гуфтед, аз ҳамдигар чӣ тафовут доранд?
– Нотавон касеро гӯянд, ки тансиҳат ҳасту ҳама кору бор аз дасташ меояд, аммо шуғл нест ӯро ба меҳнат. Ба қавли Шайх Саъдӣ, умре ҳайвонтабиат дар ҷаҳолату зулмат бимонад:

Хуру хобу хашму шаҳват
шағаб асту ҷаҳлу зулмат,
Ҳаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият!

Вале чун мустафид аз ақли солим шавад, ба фаҳми одамият бирасад ва ба таъбири ҳамон бузургвор: «агар ин даррандахӯйӣ зи табиаташ бимирад», фаъол гардад ва унвони тавоноро касб кунад, тӯли умр аз неъматҳои заминию самовӣ баҳра бибарад, роҳат бубинад, охируламр аз зиндагӣ қаноатманд ба назди офаридгораш боз биравад:

Агар ин дарандахӯйӣ зи табиаташ бимирад,
Ҳама умр зинда бошад ба равони одамият!

– Устод, магар ҳамон тавоно, ки васфаш кардед, бузург нест?
– На, тавоно ҳанӯз бузург нест, балки тавоност, яъне аз ӯҳдаи иҷрои ҳар коре, ки қасд кардааст, мебарояд. Натиҷаи амалаш ба худ ва дигарон мақбул меафтад. Вале бузург нодиру фавқулода амалҳо ва ихтирооте кунад, ки дигарон натавонанд, номи ӯ дар суҳуфи таърихи башарӣ бо ҳуруфи заррин нигориш ёбад ва зиндаву ҷовид бимонад:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!

– Пас, нохалаф кӣ бошад?
– Нохалаф касест, ки дасти нотавон нагирад, ба тавонову бузург душманӣ кунад, ҳамеша дар миёни мардум тухми ғаразу нифоқ бикорад, оқибат аз аҳли дӯзах ҳисобанд ӯро ва мунтаҳо дар оташи ҷаҳаннам бисӯзад. Биноан, ба фармудаи бузургвори фавқуззикр, куллан хуб аст, агар тухми ин қабил разилонро Худованд аз рӯйи замин бардорад:

Дареғаш махур бар ҳалоку талаф,
Ки пеш аз падар мурда беҳ нохалаф!


– Устод, зиндагӣ чист? – пурсид шогирд аз Хирадманд.
– Ба гуфти Аллома Иқбол,

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шӯъла фурӯ рафтану
нагдохтан аст.
Мазҳаби зиндадилон хоби парешоне нест
В-аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст!

– Устоди мӯҳтарам, каме оддитар меовардед суханро…
– Агар оддитар биоварам суханро: Зиндагӣ ҳамон чизест, ки пеш аз вафот ба минбаъд зинда мондани худро таъмин карда тавонӣ!

пешина
аз 32
навбатӣ