Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
Шеъри ман хушнамо фарас бошад,
То ба манзил расонадам ҳар рӯз.
Гоҳи дигар яке ҷарас бошад,
Бахшадам дарду оҳи оламсӯз.
Мусаххар дилу дину ойини ман
Ҳамоне бисозад, ки мавло бувад!
Ба сони бузургони шеъри Аҷам
«Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад!».
Ҳар андешае, к-оварам дар сухан,
Ҳувайдову пинҳону бемакру фан.
Сараввал гузорам ба таҳқиқи дил,
Ки рӯзе ба ораш набошам пакан.
Аз сӯҳбати орифон дил барнакананд,
К-ин тоифа кошифи биҳори гуҳаранд.
В-ин мансаби олӣ нарасад бар ҳама кас,
Илло ба ҷамоате, ки болоназаранд.
Ҳисоби орифон нойӣ, азеро
Забони ғунчаҳойи гул надонӣ!
Қатори ошиқон машмор хешат,
Мақоми нолаи булбул нахонӣ!
Аё шеъри Аҷам, ишқи муалло,
Зи ту сарчашмаи пиндор дар ҷӯш!
Аҷамродам ту кардӣ, офаринат,
«Садаф гардид бо гавҳар ҳамоғӯш».
ПИНДОРҲО
Манзари андеша аз рангу ҷило ва моҳияти ашё сурат меёбад ва ҳар офаранда онро мутобиқи ҷавҳари фаросати хеш сайқал медиҳаду пешкаши иштиёқмандон мегардонад. Ҳамон манзарро вақте биписанданд роғибон, агар аз он ба дараҷаи дунёшиносишон чизе судманд бардошт намоянд ва хосатан қиматаш бияфзояд дар ҳоле, ки равонпарвару фаросатофарин бошад…
Ошиқро базми тараб ба ваҷд овард. Ӯро лаҳзае тараннуми рӯҳафзои муғаннӣ ба авҷи кибриёи саодат мебаровард ва гоҳе нолаи ҷонгудозаш мустағриқи дарёи тахайюлот мекард. Чун ҳофиз мисраи «Аз гул пиёла соз, ки лаби ёр нозук аст»-ро пурсӯзусоз бархонд, дар қалби ошиқ нияте падид омад, ки ин «ҳидоят»-ро ба татбиқ бирасонад. Бо ҳамин мақсад ӯ озими чаман шуд, то барои маъшуқ аз лола пиёлае баргирад…
Ошиқ ба лолазор расид, чун бо чашми дил ба паҳнои лолаҳо назар андохт, бидид шукӯҳи бемисоле:
Аз ҷунбиши боди саҳаргоҳ лолаҳо
Бар якдигар заданд чу мастон пиёлаҳо…
ва худро дар хароботи сеҳрбори «муғон»-у олами самоъи латофату назокат дарёфт. Базми лолаҳо аз базми ушшоқ пурхурӯштар шукуфтан дошт...
Ошиқи ҳайразада мақсади асосии худро аз ёд бибурд…
Замин ларзид… Гӯё, бо ин амал ба инсонҳо гуфт: «Фаромӯш накунед, ки Шумо, ҷанобон, бо ин ҳама назокату ғуруру салобат бори шонаи ман ҳастед! Тавонам Шуморо маҳв бисозам, агар Шумо ба ман саҳвро раво бинед! Огоҳ бошед ва доираи мувозинатро халал напазиред, ки ман низ нозукам, аз Шумо нозуктар! Аз худ маравед!..
Ба даркатон бирасонам, ки ман як кавне дар Коинот муаллақам. Худо накарда, ба ҷонам расонед, дар он сурат замонати осоишро аз ман интизор набошед, зеро замонати ман аз замонати Шумо бармеояд!»
Зулмати шаб фаро расид. Ба фонус эҳтиёҷ омад. Онро фурӯзон гардонданд. Посе гузашт. Равғани фонус тамом шуд аз сӯхтан. Ӯ бимурд. Шамъ афрӯхтанд. Ба фонус эҳтиёҷ намонд.
Ногаҳ чароғи барқӣ мунаввар гашт. Шамъро куштанд. Ба шамъ эҳтиёҷ намонд.
Субҳ даррасид. Чароғро куштанд. Ба он ниёз намонд.
Хуршед баромад. Субҳро кушт. Ба субҳ низ эҳтиёҷ намонд…
Чунин аст русуми гардуни гардон дар азалияти беинтиҳоӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор