Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ҒазалАдабиётШеър
Аз аввал хондан

КОХИ Ӯ ЁДГОР МЕМОНАД

Шеъри Лоиқ шиор мемонад,
Шӯҳрати ин диёр мемонад!

Дар самовоти беғубори назм
Бемуҳобо, мадор мемонад!

Дар Душанбею Кобулу Теҳрон
Мустадом интишор мемонад!

Меҳри машъалфурӯзи ин нобиғ
Дар дили сад ҳазор мемонад!

Дода доди сухан чу Фирдавсӣ,
Кохи ӯ ёдгор мемонад!

Худ парешон буд аз парешонӣ,
Рамзи марди баор мемонад!

Шоири сарсупурдаи миллат
Боиси ифтихор мемонад!

Дарди миллат агарчи ӯро кушт,
Зиндае бовиқор мемонад!

Сарбадорони мо намемиранд,
Рӯҳашон барқарор мемонад!

Шеъри Лоиқ, ки ормони мост,
Солиёни ҳазор мемонад!

Минбаре ҳам зи адлу инсоф аст,
Дар раҳи ҳақ ба кор мемонад!

Дар Самарқанд тоҷикӣ гум шуд,
Қанд дар Қандаҳор мемонад!

Тоҷики Марв тухми анқо шуд,
Тоҷик андар Тахор мемонад!

Гар Бухоро бухор аз мо шуд,
Панҷаканту Ҳисор мемонад!

Суғду Хатлону Помиру Раштон,
Панҷрӯду Мазор мемонад!

Шеъри Лоиқ тараннуми ишқ аст,
Чун хумори баҳор мемонад!..

ш. Панҷакент,
20.05.2006.

Ё РАҲМАТАН ЛИЛОЛАМИН

Тақдим ба набераи нахустин ва
дорандаи номи падарам – Муртазо

Аз ёдҳо азёдҳо мегӯямат, ай Ҷонато,
Ин ҳалқа бар гӯшат бизан, шоҳаншаҳи давронато!

Аз додҳо бедодҳо ҳаргиз масозӣ пешаат,
Шукронаи инъом кун, дасти дуъо инъомато!

Аз бодҳо бебодҳо мапсанду родӣ интахаб,
Як шаҳсувори бодпо бе дасту по ақдомато!

Ҳақдоди ман, дилшоди ман,
имдоди ман, эҷоди ман,
Ҳақгӯй шав, ҳақҷӯй шав, дар ростӣ бебокато!

Хоҳӣ, ки доное шавӣ, дунёи дун адно бидон,
Донистани дуну данӣ касро кунад волоято!

Чун нахли пайванди манӣ, аз нохалаф ибъод кун,
Дар рӯбарӯ бинӣ агар, аз ӯ ҳазар бероято!

Бархе балохезанду бас, бо мардуми хуб ёр шав,
Ту марди майдон мешавӣ, мардонато, майдонато!

Аз дур бин, аз нур бин, бо арзи дил манзур бин,
Илми маъониро гузин, дар ҳар куҷо иқболато!

Андар хароботи муғон илҳоқ кун бо ростон,
Мастона гардӣ бегумон, ё ҳаббазо мастонато!

Ду ҷуръае з-он май биҷӯ, то ҷуръаҳо гардида ҷӯ,
Дарё шавад бе гуфтугӯ, дарёи пуртуғёнато!

Ғаввос шав, дарё бирав, ҳикмат зи ҳар мавҷе шунав,
Лӯълӯи маънӣ нав ба нав, марвориди лолоято!

Паҳнойи шеъри Рӯдакӣ азбар намо аз кӯдакӣ,
Ҳайратфизо гардӣ яке, шоир шавӣ, ҳайронато!

«Шаҳнома»-и Тӯсӣ бихон,
«Қонун»-и Синоро бидон,
Дар шаҳраҳи давру замон мебахшадат имдодато!

Бар баҳра аз «Бӯстон»-саро,
бар «Гулситон»-аш медаро,
Булбулсифат – саъдинаво…
шӯре ба ҳар бӯстонато!

Ҳофиз ба худ ҳамроз гир, аз сози фолаш роз гир,
Аҳли биҳишт анбоз гир аз ҷумлаи риндонато!

пешина
аз 32
навбатӣ