Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ошкор шудани дин бар Спандормаз дар он ҳангоме буд, ки Афросиёб гузари обро бар кишвари Эрон боздошт. Пас Спандормаз барои ба ҷараён даровардани об ба шакли дӯшизае, ки равшанҷома ба бар дошт ва ҳар сӯ дар перомун ба андозаи як ҳосра, ки баробар аст бо ду фарсанг, рушноӣ мебахшид, ба хонаи Манучеҳр, ки шаҳриёри кишвари Эрон буд ва бегонагонро посухгӯӣ мекард, андаромад. Ӯ зарринкуштӣ, ки нишонаи дини маздояснон буд, бар миён баста дошт, ки банди дин аст ва бо сиву се банд пайваста аст ба нишони сиву се гуноҳи аслӣ, ки дигар гуноҳон аз онҳо пайдо омадааст, ки бар ҳар маздопарасте ин гуноҳон баста бошад.
Пас дӯшизагон, ки Спандрмазро куштибаста диданд, ин зебоӣ ва дурахшандагӣ эшонро хуш омад ва бад-он куштибастан моил шуданд. Ва ин низ буд модаре бадин, ки ба василаи Спандормаз офарида шуд ба панҷсаду бисту ҳашт сол пеш аз ҳампарсагии Зартушт бо Ҳурмузд, ки шарҳи он дар китоби дин ва навиштаи пешиниён омадааст.
Номи Зартушт ба сесад сол пеш аз он ки ба ҳампарсагии Ҳурмузд даррасад, ба рӯи замин эълом шуд. Чунон ки омадааст, дар он ҳангом, ки миёни тӯрониён ва эрониён бар сарзамини Навозак пайкор даргирифта буд, Ҳурмузд гове бузург офарид, ки таъйини марз ба василаи ӯ анҷом шудӣ ва дар беша нигоҳ дошта шуда буд ва чун пайкоре миёни эрониён ва тӯрониён дар мегирифт, бад-он гов марз шинохта мешуд. Ин буд то он гоҳ, ки Ковусро баҳри таҷовуз бар он сар шуд, то бахше аз замини Тӯронро аз они Эрон кунад. Аммо дарёфт, ки то он гов ҳаст, чунон коре душвор аст ва мехост то он гов набошад, ки марз бад-ӯ ошкор шавад.
Ҳафт бародар буданд, ки ҳафтумӣ Срит (Srit) ном дошт. Бузургтан ва бисёр зӯр буд. Аз мулозимони дарбори Ковус буд ва дар бисёре душвориҳо вайро сахт ёварӣ мекард. Ковус ӯро ба ҳузур хост ва фармон дод, ки: бирав ва он говро дар беша бикуш. Срит фармон бурд ва андар беша шуд. Чун хост то говро бикушад, гов ба забони мардумон ва бо хашм бигуфт, ки маро макуш; чун ҳар гоҳ маро бикушӣ, он кас, ки фраваҳраш андар он ҳуми (ҳаума) дурдорандаи марг аст ва номаш Зартушти Спитома мебошад, андар замин дарояд ва бадиро, ки ту кардӣ дар ҷаҳон боз гӯяд ва ба равони ту ончунон душворӣ расад, ки дар дин пайдост, ки чӣ гуна бошад муҷозоти он Вадаг2, он ки говро бикушад, кайфари ӯ марг бошад ва бадтар аз марг вайро расад.
Срит, ки он суханро бишнид, бозгашт ва назди Ковус рафт ва моҷароро бозгуфт: Он ки андар ин замин хоҳони ҷанг аст, ба куштани гов фармон медиҳад. Аммо Ковус дар садади ҷанг буд ва Сритро гуфт, пайдо нест он ки фраваҳрашан дар ҳуми дурдорандаи марг аст, Зартушт бошад ё на, низ агар ҳам ӯ бошад, зодашавад ё на. Пас бо таъкид гуфт: Бирав ва говро бикуш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор