Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ба ком, тавоноӣ, нерӯ, меҳрубонӣ ва раҳмати Яздон. Анҷомид бо дуруду шодӣ, хуррамӣ ва бебимӣ.7
Дар бораи паймони кадхудоӣ1
Ба номи Яздон 1. Андар моҳи баҳмани соли шашсаду бисту ҳафт, пас аз соли бистуми (салтанати) Яздигуруд2, шоҳаншоҳи шаҳриёрон, нофи Хусрави Парвези Ҳурмуздони шоҳаншоҳ дар оғози рӯзи дай ба меҳр, ҳангоме ки вожа(ҳо)- и нек дар анҷуман равон буданд, ба подшо зане гирифт, марде Баҳмон ном, Баҳмони Баҳмонон, писари Баҳмон, (ки дар) Баҳмонрусто, Баҳмондеҳ зиндагӣ мекунад, канизаке Баҳмон ном Баҳмони Баҳмонро ба подшоӣ, духтар (низ дар) ҳамон Баҳмондеҳ зиндагӣ мекунад. 2. Ӯ ба солории Баҳмон падар омадааст, ҳамон гуна ки бо (духтар низ дар мақоми) ҳамсарӣ (ба ҷуз) ягона, вале (шахсе ки ҳангоми издивоҷ бар духтари вилоят қаҳре дорад) касе наёмадааст. 3. Эдун Баҳмон бо хостани хурсандии Баҳмонпадар ва додани (иҷоза ва) ҳамдостонии ҳамбаҳмон, ба (унвони) аҳлу дод3 (ӯро) подшойизанӣ гирифт. 4. Ва ҳам Баҳмонпадари Баҳмон, Баҳмон (духтар)-ро ба (унвони) аҳлу дод, бо се гӯйиши ба подшозанӣ, ба Баҳмон дод. 5. Ва Баҳмон (духтар) ҳам ӯро пазируфт, ин гуна ки Баҳмон инро низ бипазирад, ки дар дарозои зиндагӣ аз (мувозини) ҳамсарӣ ва ягонагӣ (дар заношӯйӣ) ва фармонбардорӣ ва риояти эҳтиром нисбат ба Баҳмон (ва низ) аз фурӯтанӣ ва беҳдинӣ4 нагардам.5 6. Ва низ Баҳмон инро гуфт, ки дар дарозои зиндагӣ (Баҳмондухтарро) ба занӣ6 гиромӣ, ба кадбонуӣ устувор ва ба хӯриш, ҷомаву хобу пӯшок ва шӯйварӣ7 солорӣ, дорои ихтиёр ва дар (гузашти) замона ба таносуб (ӯро) хуб (ва) ба озарм дорам ва фарзанд(е)-ро, ки аз ӯ зода шавад, ба подшойӣ, фарзанди хеш дорам. 7. Ва чун ин хост ҳамгуна буд, Баҳмон ҳам Баҳмонро ба подшоӣ (занӣ) қабул кард ва пас аз (мунъақид) кардани ин паймон Баҳмон ҳам Баҳмонро ба хубӣ писандид (ва ба ӯ) алоқаманд шуд ва (гирифтани) се ҳазор дирҳам симини шаҳроварш8 бобати гуҳрӣ9, се ҳазор дирҳами шаҳроваршро аз ӯ шоиста донист; (вай афзуд) дар додани шуморе аз ҳама хоста(ҳое), ки ба дорандагӣ ва хешии10 (ман) даромадааст, мухтор буда ва низ дар додани он чи ки аз кунун ба баъд ба дорандагӣ ва хешии (ман) мерасад, дорои ихтиёр ҳастам ба ду баҳр, баҳре (аз он дороӣ)-ро ба Баҳмони Баҳмон додаам ва бар (баҳри дигаре аз дороӣ) ҳам боз Баҳмони Баҳмононро чира кардам, эдун ки ҳар гоҳ Баҳмон ё каси (дигаре) аз Баҳмон (он) додаро хосторӣ кунад11, бе баҳона ба ӯ биспорам ва дар баробари ӯ нофармонӣ ва худсарӣ накунам. 9. Ва Баҳмони (духтар) Баҳмон ҳам ин ихтиёрдорӣ12 дар баробари се ҳазор дирҳам гуҳриро бо иштиёқ пазируфт ва бар он ҳамдостон шуд. 10. Ва ҳам Баҳмони Баҳмон (изҳор кард, ки) ман (ба қасди) пурсидан, хостан ва пажуҳидани ҳамин амр ва (низ масоили) дигар баромадам, зеро хешкории (ман) буд, чунон ки паймони заношӯӣ (бар ин асос устувор) будааст. 11. Ва ҳангоме, ки Баҳмони Баҳмонон ҳамдостонии (худро) гуфт, Баҳмони Баҳмон ин санадро он гуна аз гуфтугӯяш ҳамдостонии ҳам Баҳмони Баҳмон ва ҳам Баҳмони Баҳмон (ва низ) барои эътиқоди падари Баҳмони Баҳмон бар асоси гувоҳии ҳам Баҳмони Баҳмон ва Баҳмони Баҳмон ва Баҳмони Баҳмон (навишт). Фарҷом ёфт.13 ВИЗИДАГИҲОИ ЗОДСПРАҲМ (Гузидаҳои Зодспарам)1 Қиссаи зиндагии Зартушт Ошкор шудани дини маздояснон пеш аз Зартушт, гови муқаддас, ки омадани Зартуштро пешгӯӣ кард Дини маздояснон дар замона нахуст бар Спандормаз ошкор шуд ва пас аз он супурдани он ба падарон. Пайдо шудани дин бар замин ба монанди тухмпазирии модар аст барои зоиш ва бозсупурдани он ба падар. Нақшпазирӣ ва равоии дин дар ҷаҳони моддӣ ба василаи ду нерӯ шаклпазир мешавад: Нахуст, фармонравоӣ ва ҳукумат бидуни корпазирии дин; дувум, фармонравоӣ дар ҳукумат ҳамроҳ бо дин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор