Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Даҳум, Арман21 беҳтарин (сарзамин) офарида шуд. Ӯро патёра мурда ниҳон кардан беш омад, ки он ҷо беш кунанд.
Ёздаҳум, Ҳирманди бошукӯҳи фарраманд, Систон, беҳтарин (сарзамин) офарида шуд. Ӯро патёра ҷодуӣ беш омад. Ӯро нишон аз ин пайдост, ки ҳар мардум аз он ҷой биёянд, кундоӣ22 чунон кунанд (ки) аз он ҷодувону раммолон23 барф, тагарг, тандур24 ва малах афтад.
Дувоздаҳум, Райи сетухма беҳтарин (сарзамин) офарида шуд (ки) Озарбойҷон аст. Бад-он рӯй сетухма гӯяд, ки осурван, артиштору вастрйуш он ҷой беҳтар бошад. Ӯро патёра он бадтар гумонварзӣ ба амри эзидон аст. Худ бадгумонанд, касонро низ бадгумон кунанд.
Сездаҳум, Чахри25 судхостор беҳтарин (сарзамин) офарида шуд, ки Мизан аст. Ӯро патёра насой пухтану насой ҷавидан беш омад. Ҳамвора рӯбоҳу росу паранду ҷаванд.
Чаҳордаҳум, Вари чаҳоргӯш26 беҳтарин (сарзамин) офарида шуд (ки) Дунбованд аст Ӯро чаҳоргӯшӣ ин ки чаҳор сӯй аст. Гӯяд, ки аз чаҳор сӯи сарзамин об дар шаҳр ояд. Ӯро патёра он даштони27 бад беш буд, ки он ҷо гаронтару бадтар бувад.
Сарзаминҳое, ки ноэрониён бад-онҳо зиянд: понздаҳум, Ҳафт ҳиндугон беҳтарин (сарзамин) офарида шуд. Ҳиндустон якест, аммо дар ӯ сархудой ҳафтанд. Ӯро патёра гармии баду даштони гарон беш омад.
Шонздаҳум, Удои Аранг28 беҳтарин (сарзамин) офарида шуд (ки) Удои тозиён аст. Удойро патёра ин пеш омад, ки он ҷо солорро ба солор(ӣ) надоранду зимистон низ он ҷо гарон бувад. Дар он тозиён зист кунанд.
Он (сарзамин, ки) некӯ ба дидору жарф ба кори додистону шоиста аст (ва) дар ӯ кори додистон бас пурсанд (онон), ки дар онанд, (он аст), ки Порс хонанд.
Ин шаҳристонҳо, (ки ёд шуд) дар Эроншаҳр номвартаранд.
БАХШИ ҲАФДАҲУМ
Дар бораи монишҳое, ки Каён ба Фарра карданд ва (онҳо), ки ба афдиву шигифтӣ аз он (ҳо сухан) гӯянд
Яке он ки Ҷам кард ба Албурз ва яке он ки Фаридун кард ба Патишхоргар, ба Вари чаҳоргӯш, Дунбованд. Яке он ки Ковус кард ба Албурз ва яке он ки Заҳҳок кард ба Бобил, ки (онро) Куринддушид хонанд. Яке он ки Сиёвуши Ковусон кард, ки Кангиж хонанд. Якеро Афросиёби Тури ҷодугар, (дар) зери замин ба ҷодуӣ кард. Яке он ки Ҷам кард ба Порс, ки Ҷамкард хонанд.1 Яке он ки Заҳҳок кард ба Самбарон ва яке ба Ҳиндус-тон. Ин он аст, ки ба Афдкирдорӣ сохта шудааст. Дигарон бас шаҳру шаҳристонҳо ва монишҳо кардаанд, ки тафсили (он) дароз аст.
Ҷамкардро гӯяд, ки (Ҷамшед) зери замин ва ба нуҳуфтагии хонае сохт. Ба шигифтӣ равшан аст, ки тобистону зимистон (бар ӯ) чира нагардад. Дар ӯ аз ҳамаи чизҳои гетӣ вуҷуд дорад. Хонаи Ковусро гӯяд, ки яке заррин буд, ки бад-ӯ менишаст; дуто аз обгина буд, ки ӯро Асбистон2 буд; дуто пӯлодин буд, ки ӯро рама (бад-он буд). Аз он ба ҳар мазае чашмаи оби бемарг тозад, ки пириро чира гардад, зеро ҳангоме, ки пирмард бад-ин дар андар шавад, бурнои понздаҳсола бад-он дар берун ояду маргро низ аз миён барад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор