Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Он гоҳ, он куниш, (ки) ба монанди даде саҳмгину нодастомӯз буд, пеши равон биистад ва он равон он гуна тарсад, ки бар он ба гом равад. Ба се гом фуруд бурида шавад, ба дӯзах афтад.
Агар ӯро гуноҳу карефа ҳарду баробар бошад, он гоҳ ӯро ба ҳамастагон диҳанд. Дар бораи ҳамастагон гӯяд, ки ҷоест чун гетӣ; ҳар касро бад-он поя, ки эшонро керефта аст, ҷой диҳанд, нишонанд.
БАХШИ ШОНЗДАҲУМ
Дар бораи шаҳрҳои номӣ аз Эроншаҳр ва хонаи Каён
Дар «Дин» гӯяд, ки: «Агар ман намеофаридам минуи буму сарзаминро, ҳамаи мардум ба Эронвич мешуданд, ба сабаби хешии он ҷо, зеро нахуст, аз ҷойҳову рустоҳо, Эронвиҷ беҳтарин (сарзамин) офарида шуд. Ӯро патёра аз Аҳриман ин зимистони девофарида ва мори пардор ва низ он ки бепар аст, беш баромад. Даҳ моҳ он ҷо зимистон аст, ду моҳ тобистон. Чунин гӯяд, ки1 зимистон ҳама ҷо яксон аст, аммо он ҷо, дар миёнаи Даймоҳи баҳизагӣ, гаронтар бошад.
Дигар, беҳтарин (сарзамин) дашти Сурӣ – Мониш офарида шуд, ки бад-он суриён мондагоранд, (ки) Бағдоди худоён офарида2 аст. Ӯро бадтарин патёра малах падид омад. Ҳамвора малах гиёҳ бихӯрад. Гӯспандону говонро марг расад.
Седигар, беҳтарин (сарзамин) Марви кирдор офарида шуд, ки бад-ӯ кори додситон (бо) ном бисёр кунанд. Ӯро патёра ҳаракати сипоҳ беш омад, зеро ҳамвора саворон он ҷоро беш гиранду душмарзон3, дуздон, ситамгарон, ашмуғони4 табоҳсухан ранҷ расонанд ба парҳезгорон.
Чаҳорум, Балх беҳтарин (сарзамин) офарида шуд, некӯ ба дидор. Мардум он ҷо дирафш ба кӯшоӣ доранд. Ӯро патёра сӯрох5 беш омад. Хонаро сӯрох фароз гирад, фурӯ резад.
Панҷум, Нисои6 миёни Марву Балх (беҳтарин сарзамин) офарида шуд. Ӯро патёра ин гумонварзӣ ба амри эзидон беш омад.
Шашум, Ҳарӣ7 беҳтарин сарзамин офарида шуд. Ӯро патёра ин шевану мӯя кардан8 беш омад. Яке хонаду дигарон (сухани ӯро) ситонанд, ба чангу чакома9. Чунин гӯяд, ки Ҳарии хонаҳил10, зеро чун ба хонае тане даргузарад, (хонаро) биҳиланду бишаванд. Ҳамон гуна ки мо нуҳ шабро (дар) дарозои моҳе ба парҳез дорем11 эшон хонаро биҳиланду бишаванд то нуҳ шаб (дар) дарозои моҳе.
Ҳафтум, Кобули бадсоя беҳтарин (сарзамин) офарида шуд, ки Кобулистон аст. Сояи дарахтони он ҷо ба тан бад аст. Ӯро патёра парикомагӣ беш омад. Он девпарастиро, ки Сом мекард, эшон низ мекунанд, бошад, ки гушода рафтан хонад.
Ҳаштум, Меҳна12 (?) беҳтарин сарзамин офарида шуд, пурвостр13, ки ӯро ғаллот бисёр буд. Ӯро патёра бадтар шаҳрбандӣ14 беш омад, ки меҳнаиён бад-он зист кунанд. Дар маҷмӯъ15 мардуми аз эшон бадтар нест.
Нуҳум, Ханин беҳтарин сарзамин офарида шуд, (ки) моништи гургониён аст, ки эшон дар он зист кунанд. Чашмаву рӯд бешумор16 (?) ва дигар дашти ҳамвор17 аст (?). Ӯро патёра бадтаркунишӣ, анабуҳргон18 омад, ки мардвефтагӣ19 он ҷой беш кунанд, бошад, ки кунмарз20 хонад.

пешина
аз 314
навбатӣ