Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. ман ин корро хуб анҷом додам – эҳтимолан ин ҷо матлаб мафҳуми сиёсӣ дорад.
  2. …ин қонунро, ки Аҳурамаздо вазъ кард, пос бидор – дар ин ҷо дигар мақсуд қонуни шоҳӣ нест.
    КАТИБАҲОИ ШУШ
  3. Катибаҳои Шуш – матни мазкур аз рӯи тарва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П.Лукук ва тарҷумаи форсии онро Н. Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор анҷом додааст (Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1381) баргардонӣ шуд.
    КАТИБАҲОИ АРДАШЕРИ АВВАЛ ДАР ТАХТИ ҶАМШЕД
  4. Катибаҳои Ардашери аввал дар тахти Ҷамшед – катибаи дузабона ба форсии бостон ва бобулӣ, ки дар рӯи қитъаи оҳакӣ канда шудааст, оғоз надорад ва тарҷумаи бобулӣ, ки тарҷумаи аз рӯи он сурат гирифтааст, каме беҳтар аз дигаре нигаҳдорӣ шудааст. Матни мазкур аз рӯи тарҷума ва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П. Лукук ва тарҷумаи форси онро Н. Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор анҷом додааст (Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз,1381), баргардонӣ шуд.
  5. … ин кохро, ки Хшайоршошоҳ, падарам, сохт – монанди Хшайоршо ин подшоҳ нисбат ба сохтмонҳои мансуб ба падараш эҳтиром ба ҷой меовард.
    КАТИБАҲОИ КӮЧАК
  6. ҷом – аз форсии бостон batugara, эҳтимолан дар асл ҳамон калимаи форси «бода» аст.
  7. кох – ё таҳту-л-лафзитараш хона аст. КАТИБАҲОИ ДОРИЮШИ ДУВУМ
  8. Катибаҳои Дориюши дувум – ин матни аз рӯи тарҷума ва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П. Лукук ва тарҷумаи форсии онро Н. Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор анҷом додааст (Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1981) баргардонӣ шуд.
    КАТИБАҲОИ ШУШ
  9. Ападона – биное, ки онро Дориюш сохта, дар замони Ардашери аввал бар асари оташсӯзӣ хароб шуд ва Ардашери дуввум аз нав онро сохт. Вожаи «Ападона» толори бузургеро бо сутуни зиёд мефаҳмонад, шояд дар форси бостон а-р-d-a-n-ро ба сурати apadana хонд. Дар ин ҳол вожаи мазкур «обанкор» маънӣ медиҳад (салафи вожаи форси «обдон»). Ападона дар катибаҳо ҳамон маънии толорро низ медиҳад. Аммо, ба ҳар ҳол, сифати «сутундор», ки аз сифатҳои намоёни Ападона аст, дар ҳақиқат моро ба ёди толори бузурги сутундор меандозад.
    КАТИБАҲОИ АРДАШЕРИ ДУВУМ
  10. Катибаҳои Ардашери дувум – дар Ҳамадон, тахти Ҷамшед, Шуш нақш ёфтаанд. Баргардонии мазкур аз рӯи тарва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П. Лукук ва тарҷумаи форсии онро Н. Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор анҷом додааст (Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1381) сурат гирифт.
    КАТИБАИ ҲАМАДОН
  11. Аноҳито ва Марита – дар катибаи ҳахоманишӣ сухан дар бораи ду худои дигаре низ меравад. Аноҳито эзади обҳост. Митра пас аз Аҳурамаздо худое аст. Miθra дар ин ба сурати Mitra (сурати нигориши оромӣ) навишта шудааст.
пешина
аз 314
навбатӣ